Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Дар бораи Ашӯрмат Назаров чизе гуфтан мехоҳам: ин марди бошараф аз ӯзбекони ноҳияи Нов буда, дар идораи рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» кор мекард. Шоири шинохташудаи ӯзбек, дилсоф, хушадо, бовичдон буд. Як зани тотор дошт, ки номаш Моҳӣ буд. Аз ӯ ду писар дошт, ки яке геолог буд ва боре ба экспедисия рафта (пас аз марги падар) ғоиб шуд. Дигарашро пас аз вафоти Моҳӣ хешовандонаш Ёдгор ном дода ба худ гирифтанд. Ашӯрмат боз як зани тотор гирифт, аз ин зан се духтар шуд. Афсӯс ки бахти духтаронашро надида, дар синни 51-солагӣ вафот кард.
Ашӯрмат бо ман хеле улфат шуда гирифт. Борҳо ман бо ӯ ба Маскав, ба ноҳияҳои Тоҷикистон сафарҳо кардам. Лекин дӯстам ба ҷанг рафта, ғолиб баргашту ба нӯшидан сар кард. Бисёр менӯшид. Гоҳо ба хонаи мо омада мегуфт:
— Ҷалол, юзта тӯкӯб бер!
Ман агар рад кунам ба занам, ба Саодат зорӣ мекард: — Ҷон сенглим, ӯзинг марҳамат қилиб юзта тӯкӯб бер!
Саодат бо шарти он ки агар нишаста ош хӯрад, садта не, дусадто мерезад, арақ медод. Лекин ба ҷои газак бо остинаш лабро пок карда мерафт.
Дӯсти дигар ва қарини ман Ҳаким Карим буд. Вай аз шаҳри Хуҷанд буда, солҳои сӣ дар аскарӣ хизмат карда, пас дар Шаҳринав, дар кумитаи иҷроияи ноҳия кор карда, таҷрибаи ҳаётӣ афзудааст. Баъд дар Хуҷанд, дар идораи рӯзнома ба кор даромада, то солҳои 1932-33 журналистӣ кардааст. Вақто ки ман дар Душанбе бо вай шинос шудам, нависандаи хубе буд. Ҳикоя менавишт, ҳикояҳояш бештар аз воқеаҳои ҷанг бо босмачиён ва аз ҳаёти деҳоти Тоҷикистон буд. Дар новелла – ҳикояҳои хурд навиштан маҳорате дошт. Бештар ба Чехов тақлид карданӣ мешуд. Лекин кори асосии вай тарҷумонӣ буд ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо