Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

шуд. Турсунзода боре ӯро дар либоси қаландарӣ дар Теҳрон дидааст. Пас аз ҷанг муқими Москва гашт. Баъзе нависандагони русро истифода бурда, ду-се роман навишт. Як песаи вай бо номи «Гули сиёҳ» дар баъзе театрҳои Осиёи Миёна ба саҳна гузошта шуд, ки Навбарӣ дар он тахаллуси худро «Соҳибҷамол» мондааст. Додари Фотеҳ Ниёзӣ - Шавкат Ниёзӣ, ки дар Москва, дар Иттифоқи нависандагон мушовир шуда кор мекард, дар пайи он шуд, ки ӯро аз аъзогии Иттифоқи нависандагон хориҷ кунонад ва бардурӯғ будани нависандагии ӯро исбот кунад, нашуд, зӯраш нарасид. Ба гумон «соҳибон»-и Навбарӣ нӯҳтаи Шавкатро кашида монда ба Иттифоқи нависандагон фаҳмондаанд, ки ӯро аз нависандагӣ хориҷ кардан мумкин нест. Бале, замона ҳамин тавр буд ва ҳамин тавр мемонад! Шахс ночиз бошад ҳам «ба восита» обрӯ мегирад.

Боз дар бораи худам: Пас аз ба худ омадан ва нағз дам гирифтан дар хона, оҳиста-оҳиста ба Иттифоқи нависандагон рафтам. Дар он ҷо Мирзо Турсунзода раис, Миршакар котиб буд. Маро бо тақозои зарурат қабул карданд, ваъдаҳо доданд. Масъалаи хонаро гуфтам. Онҳо гуфтанд, ки дар хона Ашӯрмат Назаров истиқомат дорад, ба вай гап зан, як хонаро холӣ карда диҳад. Бо Ашӯрмат гап задам, бечора зуд хонаи якунимтаиро холӣ карда дод ва ман ба он ҷо кӯчидам. Баъд Ашӯрмат ҳавлӣ гирифту кӯчида рафт ва ба мо боз як хона холӣ шуд. Ба хонаи калон Ф.Ниёзӣ кӯчида омад. Ҳамин тавр ман оҳиста-оҳиста ба ҷойю манзил ва ҳуқуқи худ соҳиб шудан гирифтам.

Дар ин байн ба Лоҳутӣ мактуб навишта, озод шуданамро фаҳмондам. Лоҳутӣ ба ҷавоб мактуби дилнавозонае навишт: ту ки зарри холис будӣ, аз имтиҳони кӯраи заргарии НКВД бе ҳеҷ зиён баромадӣ, гуфтааст.

пешина
аз 339
навбатӣ