Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Ин марди поквичдон ва ҷигардӯст дар мушкилтарин айёми оилай мо ёриҳо додааст. Ҳар чӣ ки мадад аз дасташ ояд дареғ надоштааст. Аз бародар ва фарзанди худам беҳтар корҳоро адо кардааст. Аз ҳабс озод шудани ман ба вай дунё-дунё хурсандӣ овард.
Сулаймонхон пас аз ба Душанбе омадан, чанд гоҳ дар ноҳияҳои Тоҷикистон - Кангурт, Балҷувон ва боз намедонам дар куҷоҳо муаллим ва директори мактаб буд. Дар соли ҷанг довталабона ба ҷанг рафт ва дар соли 1943 контузия (ним беҳуш) шуда аз ҷанг баргашт. Бо асобағал мегашт. Оҳиста-оҳиста сиҳат шуд ва ба идораҳои хоҷагӣ ба кор даромад. Лекин он оҳанпораҳое ки ба сар ва майнаи ӯ нишаста буданд, охир кори худро карданд. Чанд гоҳ бистарӣ шуд, дар Кӯктош (дар бемористон) хобид ва дар соли 1965 вафот кард...
Бале, ҳамон рӯз мо бо Аслиддин ва Сулаймонхон ба ҳаммом рафтем, шустушӯи озодона кардем, хуб хандидем ва хурсандиҳо кардем. Ба ростӣ ки он рӯзҳои хушбахтӣ ҳанӯз аз ёдам нарафтаанд. Бегоҳии рӯзи дигар, ними шаб касе аз берун тирезаи кулбаи моро тақ-тақ зад. Мо, калонсолон ҳама бо воҳима бедор шудем, кист гуфта пурсидем. Аз берун Навбарии телба овоз баровард. Дарро кушодем. Маълум шуд, ки ӯро ҳам озод кардаанд ва ҷои мерафтагӣ надоштааст, лоҷарам ба хонаи мо омадааст.
Навбарӣ, эронӣ, дурусттараш аз Озарбойҷони Эрон, шахси аҷоиб аст. Мегӯянд ки дар кӯдакӣ ӯро ба Москва бурдаанд ва Луначарский (дар соли 1922) ӯро ба худ фарзанд карда гирифтааст, хонондааст. Дар миёнаи солҳои сиӣ ба Тоҷикистон омаду ба фаъолияти гуногун сар кард. Гоҳо бинокор, гоҳо раиси кооперативи зиёиён, гоҳо нависанда ва ғайра буд. Як зану духтар дошт, баъд онҳоро ҳай кард. Солҳои ҷанг аз тарафи давлати СССР ба Эрон, ба кор фиристода

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо