Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
буд. Пеш аз ҳабс шуданаш ба зани собиқ Мисбоҳ Бурҳонов, ки номаш Муаллима буд, хонадор шуда, зиндагии хубе ба сар мебурд. Муаллима зани хушрӯ ва дилкаш буд. Ҷавонон ба ҳам ошиқ буданд. Лекин соли шуми 1937 бахти онҳоро вожгун намуд. Зуҳурхонро қатори Тоҳирҷони дуторӣ, Қаровулбегии торнавоз, Бадеъ ном ғижжакнавоз ба ҳабс гирифтанд, ки ҳеҷ кадоми онҳо ба сиёсат ҳамроҳ набуданд, касбу кори худро медонистанду одамони ҳунарманду даркорӣ буданд. Чаро онҳоро ҳабс карданд, ҳанӯз ҳам намедонам. Ҳабс кардан бас набуд, ки ҳамаи онҳоро тирборон карданд ва дигар аз онҳо ному нишоне намонд. Афсӯс, хеле афсӯс!
Саодат ба сараш рӯмоли гарм печонда ба хонаи янгапошшо (кӯчаи Орҷоникидзе) медавад ва ба хонаи калони квартира медарояд, ки янгапошшо, Муҳаббатхон, Аслихон ва боз киҳо нишастаанд. Саодат хурсандии худро пинҳон накарда мегӯяд, ки маро муборакбод кунед, Икромӣ аз ҳабс озод шуданд. Нишастагон ба ҷои хурсанд шуда муборакбод карданд, хафа шудагӣ барин, хомӯш мондаанд. Саодат дигар гап назада баромада меравад.
Ҳамон рӯз бегоҳӣ нохост ба кулбаи мо Холиқова бо шавҳараш даромада омад. Ин Холиқова бухороӣ буда, духтари Мирзо Аҳмади машҳур аст. Шавҳараш Холиқов дар Бухоро дар идораи молия кор мекард, ба Душанбе омада, низ дар идораи молия ба кор даромад. Худи Холиқова дар идораи комсомол, яке аз котибони комсомол буд. Хеле фаъол ва монданашаванда буданд. Аз ҳабс озод шудани маро шунида, азбаски ҳавлиашон дар қарибии кулбаи мо буд, омаданд, ки табрик кунанд. Мо ҳам хуш қабул карда гуселонем.
Рӯзи дигар Аслихону Сулаймонхон омаданд. Ман некиҳои ҷону ҷигарам Сулаймонхонро ҳеҷ фаромӯш намекунам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо