Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

бас. Аммо дар ҳаёти дубора кас сардию гармии дунёро ҳис карда, талхию ширинии ҳаётро чашида, бадию некиро пай бурда ба қадри зиндагӣ мерасад. Бинобар он ба ман он ҷӯйчаи ҷилдироба, он паскӯчаи борик ва он кулбаҳои ҳақирона чун дарёи пуроб, чун шоҳроҳи биҳишт, чун кӯшкҳои мӯҳташам менамуданд.

Ба хона даромадем. Дар хонаи аввал, ки ҳам даҳлез, ҳам ошхона, ҳам ҷои чизмонӣ буд ва хеле хурду сақфаш паст буд, дар примус чойники об меҷӯшид ва лаганди саршӯии Саодат меистод. Дар хонаи дуюм палос, ба гирди сандалӣ кӯрпаю кӯрпачаҳои одамиёна партофта шуда буданд. Дар кодоки поён, ба болояш кӯрпа, Ҷонони дусола хоб мекард. Аз ҳарорати сандалӣ ду рӯяш сурх, ба назарам мисли офтоб метофт. Хуллас ки нишастем, омин гуфтем ва ҷомаю либосҳои чиркинро аз бадан дур андохтам; бо ҳамин ҳамаи ғаму ғусса ва бадбахтиҳоро низ дур андохтам. Саодат ба ман куртаю эзор ва костюмҳои тоза дод, ки онҳоро ба умед нафурӯхта нигоҳ дошта будааст.

Пас аз чою нон хӯрдан аммапошшо ба Саодат фармуданд, ки тохта рафта хушхабари аз ҳабс озод шудани маро ба модари Зуҳурхон (ки он бечора ҳам дар ҳабс буд) расонад. Мақсади аммапошшо ин буд, ки навиди озод шуда истодани ҳабсиҳоро ба янгапошшо (модари Зуҳурхон) расонад, ки шояд аз паси ман Зуҳурхон ҳам барояд.

Зуҳурхон, амакбаччаи ман, писари амакам қозӣ Бурҳониддин мебошад, ки аз зани хурдии он кас (янгапошшо) фарзанди сеюм шуда (пеш аз вай Шаҳобхон ва Муҳаббатхон буданд) ба дунё омадааст. Пас аз Зуҳурхон Аслихон ва Муслиҳхон мебошанд. Зуҳурхон ҳамроҳи мо аз Бухоро ба Душанбе омада буд. Дар театри ба номи Лоҳутӣ танбӯрнавоз шуда кор мекард. Танбӯрро бисёр хуб менавохт. Худаш писари бисёр хуб, ором, бамаънӣ ва ҷигардӯст

пешина
аз 339
навбатӣ