Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
қанду дигар хӯрокворӣ мадад кунанд. Муовини раис ба номи вазири савдо – Қосимов як мактуб навишта дод, ки ба ман ёрӣ диҳад. Мактубро бурда додам, Қосимов ба рӯи он қоғаз чизе навишта ба ман дод, ки ба кадом шӯъба муроҷиат кунам. Бинам, навиштааст, ки ба ман як кило равғани маска, як кило қанд ва ду кило биринҷ диҳанд. Ино дида гуфтам, ки ба мани бемор, ин чӣ мешавад!?
— Э, рафиқ! — гуфт Қосимов бо дағдаға. — Ман ин чизҳоро аз ҳаққи сад нафар сагирбача канда ба шумо дода истодаам.
— Ҳаққи сагирбачаҳо ба ман лозим нест! — гуфта, қоғазро дар наздаш пора-пора карда партофтам.
Ин сӯҳбатро шунида Ғафуров оташин шуд ва ба телефон даст бурда Қосимовро ҷуст. Толеи Қосимов баландӣ кард, Ғафуров ӯро наёфт. Баъд ба ман гуфт парво накунед, ман ин масъаларо ҳал мекунам. Бо ҳамин хайрухуш карда рафтам.
Рӯзи дигар дар театр боз маро ба телефон ҷеғ заданд. Ин дафъа аз управленияи хоҷагии шӯрои вазирон. Гӯш кардам. Мудири управления бо ман салому алейк карда гуфт, ки ба назди ӯ равам. Рафтам. Вай ба ман як гӯсфанд гӯшт, даҳ кило равғани маска, даҳ кило қанд, даҳ кило шакар, бист кило биринҷ дод.
Ин хӯрокиҳоро гирифта ба ҳаққи Бобоҷон Ғафуров дуои хайр кардем. Ин шахси олиҷаноб дар ҳаққи ман некиҳои бисёре кард, ки фаромӯш намекунам. Бо ҳамин аз машаққат ва танқисии рӯзҳои ҷанг халос шудем. Маро аввал худо, баъд Ефим Исоевич Мителман ва ниҳоят Бобоҷон Ғафуров наҷот доданд. Арвоҳашон шод бошад!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо