Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар шафатам раҳматӣ Ҷӯлибоев буд. Одами шоиртабиат, доно ва закӣ. Ба ман шоҳмотбозиро омӯхт ва соатҳои дароз чақ-чақ кард менишастем. Ҷӯлибоев ба Пайрав Сулаймонӣ хеши наздик аст. Вай яке аз одамони пешқадами давраш буд. Қораш, касбаш пӯсти қарокулӣ ва пашм буд. Дар ин кор, яъне донистани сифати пӯсти қарокулӣ ва навъҳои он тахассуси калон дошт ва дар ҳамин соҳа кор мекард. Пас аз ман, вай ҳам озод шуд. Зани беваи Қосим Қориро ба занӣ гирифт. Аз вай ду писару як духтар дорад. Лекин бемор шуд ва дар солҳои шастум, дар роҳи Кисловодск бемор шуда, ба Тошканд аз поезд мефурояд ва дар ҳавлии кадом хеши худ аз дунё чашм мепӯшад.

Дар ин ҳабсхона Собир ном найчӣ (падари артисткаи халқи Малика Собирова) ва боз артисти дигар вазифа доштанд, ки аз қаровулхона чизҳоеро ки хешовандони ҳабсиҳо (хӯрок, либос) медоданд, ба соҳибонашон расонанд. Ин ду разил ба ҷойи бекамукост расонидани он чизҳо, ба зану бачаҳои ҳабсиҳо тааддиҳо, носазогӯйиҳо мекарданд ва чизҳоро нимунисфӣ карда, оварда медоданд. Ман ҳам як бор камтар нон, себ ва боз намедонам чиҳо гирифтам. Ин чизҳо ба ман аз хонадонам, аз зану бачаҳоям хабар медоданд ва аз ҳамин сабаб қимат буданд.

Рӯзе дар рӯи ҳавлии мо ба «этап» мерафтагонро аз назар гузаронида, командаи посбонҳои роҳ қабул карда гирифтанд. Ин манзарае буд хӯровар ва пурдаҳшат, қадру қимати одам ҳеҷ будааст, ман донистам. Ҳабсиҳои бисёреро, ки бояд ба бадарғагӣ баранд, дар як сӯи майдон бо чизу чораҳояшон шинонда монда буданд. Дар миёни ҳавлӣ, дар сари стол сардорҳо менишастанд ва аз рӯи коғаз якто-якто ном бурда ҳабсиҳоро ҷег мезаданд ва тамом луч карда баданашро медиданд, ҳам карда маъқад ва байни

пешина
аз 339
навбатӣ