Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
буд. Дасти уммеди кас аз дигар ҷо канда шавад, ба худо мечаспидааст. Дар ин ҳабсхона бисёриҳо диндор, дуохон ва намозхон буд, ки аз кулӯлаҳои нон ба худ тасбеҳ сохта, ҳамеша дуо хонда менишаст. Қиличзода аз эрониҳои Бухоро буда, дар вақти ҷумҳурияти Бухоро дар корҳои роҳбарият буд. Баъд ба «чапҳо» пайваст, хеле шатта хӯрд ва солҳои охир дар Душанбе намедонам чӣ кор мекард, ки ман ӯро дар ҳамин ҳабсхона дидам.
Вақто ки мо дар зери ҷодар будем, ҳаво гарм буд, бемории дарунравӣ-дизинтерӣ авҷ гирифт. Мардум чун пашша мемурданд. Ҳар рӯз ба зери девор ҳашт-даҳто мурдаро қатор карда мемонданд. Деҳқонҳо, қишлоқиҳо, мардуми бегуноҳ ба чӣ хорию пастӣ ҳалок мешуданд. Дар он тарафи девор бемористони ҳабсхона буд. Аз ҳавлии он бемористон ҷӯйи обе мегузашт ва ба ҳавлии ҳабсхона меомад. Мардум ки ташна мемонданд, аз оби ҳамон ҷӯй менӯшиданд. Ва ҳол он ки ба оби он ҷӯй кормандони бемористон ҳамаи ифлосиҳои беморонро шуста мепартофтанд. Ҳар кас ки аз он об нӯшад, албатта бемор мешуд ва ҳалок мегардид. Салими араб ҳам бемор шуду дар бемористон аз дунё чашм пӯшид. Ман ҳам бемор шудам (ҳарчанд ки аз оби ҷӯй нанӯшида будам). Духтур Усмонов маро табобат кард. Нонро бурида дар офтоб қоқ карда ба ман дод, ба ғайр аз чой дигар чизе надод. Дар ин байн аз бемории ман раҳмати Калонтаров хабардор шудааст (вай ҳам дар ҳамин ҳабсхона, вале дар хонаи дигар буд). Ба воситаи касе ба ман пеницилин ва сахарин дода фиристодааст. Индоруҳоро истеъмол карда, парҳез карда, хайрият намурдаму офият ёфтам. Бинобар он ман аввал ба духтур Усмонов, баъд ба Калонтаров як умр миннатдорам!
Тобистони гарм гузашт, тирамоҳ расид. Моро боз гашта ба хонаҳо ҷо карданд. Ман аз қабати дуюм ҷо гирифтам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо