Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
хӯроку чой баҳра мебарад, надошта бошад не. Дар се-чор моҳе, ки ман дар ин ҷо будам, фақат ду бор ҳаммом кардем. Як бори он дар ҳавои хунук, нимишабӣ, дар рӯи ҳавлӣ ҳамаро луч карда сарулибосро ба буғ бурданд, мардумро ба ҳаммом. Пас аз ҳаммом бо тани луч ба рӯи ҳавлӣ баромада, аз байни тӯдаи либосҳо такурӯ карда, либоси худро меёбему тани худро мепӯшем. Ними одамонро шамол мезанад, бемор мешаванд.
Шабуш ҳукмрон буд, ҳама шабушкин буданд. Як рафиқи рус, ки ба ӯ «афанди» лақаб монда буданд ва одами боақл, файласуфтабиат буд, боре дар офтоб нефраи эзори худро медид ва шабушҳои қаторро бо ангуштонаш ронда ба замин мепартофту бо кафшаш зер карда мекушат. Ин шабушҳо фақат бо хун хӯрдан бас намекарданд, дар байни мардум бемориҳои бисёреро паҳн мекарданд.
Дар ин байн дар рӯи ҳавлӣ ду чодари калон зада дар зери он чодар нӯҳсадкасӣ, ҳазору ҳаштсад касро ҷойгир карданд ва дар хонаҳои ҳабсхона ремонтро сар карданд. Баъд чӣ будани «ремонт»-ро донистем: дар хонаҳо «нара» (яъне раф сохта, ҳар хонаро ба ду қабат ҷудо) кардаанд.
Дар зери чодар мо ба қавле «валет» шуда мехобидем. Яъне сараку-пояк! Пойи як кас ба даҳони каси дигар! Набошад ҷо набуд, намегунҷидем. Дар ин «маҳшар»-и худо ман ба худ паноҳе ёфтам. Паноҳи ман дониш ва эҷодиётам шуд, Ҳофизаам нағз кор мекард. Ман ба Усмонов (сардор) ва ҳафт нафар ёридиҳандагони вай ва касони дигар «Чаҳор дарвеш» ва романҳои дигарро аз ёд нақл мекардам. Мардум бо завқу завқ ҳикоя гуфтани маро гӯш мекарданд ва ба ҳамин як-ду соат ғаму ғуссаро фаромӯш мекарданд. Ман «шоири дарбор» шудам. Ба ман як нафарро чун хизматтор муайян карданд. Ин мардак ба ман чой, хӯрок, нонро (ҳар вақте ки диҳанд) гирифта мемонд ва аз ман бохабар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо