Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
русҳо ва осетинҳо) пурсидам, ки бо чӣ ҷиноят ҳабс шудаанд. Мегуфтанд, ки «бо кори намдор» (бо кори хунин) афтодаанд. Ин кори «намдор»-ашон одамкушӣ будааст. Ман аробакашеро медонистам, ки осетин буд, дар қарибии хонаи стандартии мо мезист. Вай рӯйрост мегуфт, ки одам куштааст, аз ҷазо ва оқибати кораш парвое надошт.
Инак, маро оварда, дар байни ҳамин хел одамҳо партофтанд. Дар як бино, ки ҳафт хона дошт ва хонаҳо, ҳатто роҳравҳо пур аз ҳабсиҳо буданд, маро ҷо карданд. Маълум шуд, ки дар ин ҳафт хона ҳафт сардори калон таъйин шуда будааст. Сардорҳо ҳама дуздони шигарф, аммо сардори калон (ба қавле подшоҳ) духтур Усмонов, шиноси ман (сардухтури поликлиникаи ҳукуматӣ) буд.
Дар ин ҳабсхона, ки як дари даромад дошту роҳраву ҳафт хона ва як мабрази калону се мили об барои дастурӯ шустан, одами бисёре ба замин кӯрпа-болишти худро паҳн карда менишастанд. Посбонҳо, ки онҳо ҳам аз дуздони собиқ буданд, дар даст милтик, як-ду нафар дар рӯи ҳавлӣ менишастанд. Дигар паноҳи мо дар дасти дуздони ҳабсхона!
Мардум шоҳмотбозӣ мекарданд (аз мағзи нон донаҳои шоҳмотро месохтанд ва хеле базеб месохтанд) савдо мекарданд (нонро ба қанд, қандро ба равған ва ғайра иваз мекарданд), мегаштанд, Қуръон мехонданд, сӯҳбат карда менишастанд. Касе халал намедод. Дуздӣ мекарданд, ҳамдигарро мезаданд, зӯроварӣ мекарданд, аммо аз соҳибони хона (аз ҳабсбонҳо) касеро хабаре набуд. Тартиби хӯроки ин ҷо ҳамин хел: як бор чою нон, як бор хӯроки гарм (ё шӯрбои юндуқ, ё ягон шӯлаи - кашаи бемаза). Аммо вақти додани ин хӯрокуҳо ҳар хел, гоҳо чойи ношторо дар ними шаб медоданд, хӯроки гармро дар аввали рӯз. Ҳар кас, ки бедор бошад, ҳар кас ки ҷоғаҳ дошта бошад, аз

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо