Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
кадом як одами машҳур ва калон буданро низ мо бо ҳамин восита мешунидем. Боре шунидем, ки Гаритскийро ҳабс кардаанд ва боз пас аз чанд гоҳ шунидем, ки Гаритскийро тирборон кардаанд. Модоме ки Гаритский нест, муфаттиши ман Халфин ном тотор будааст, ки як бор барои тарҷимаи истинтоқи араб маро ҷеғ заду дигар фаромӯшам кард. Боз шунидем, ки Московкин ба отпуск рафта, дар кӯл бо милтиқи думила бо қайиқ бор шуда рафтааст ва сайдро дида саросема милтиқро гирифтани шудааст, ки ҳар ду милаш тирро ба синаи вай холии кардаанд. Бо ҳамин ҳар ду ҷаллоде ки ба қасди ман буданд, ба ҷаҳаннам рафтанд.
Дар моҳи август «конференсия» шуду (яъне ҳабсиҳои чандин ҳуҷраҳоро ба рӯи ҳавлӣ бароварда, алоҳида-алоҳида шинонда, баъд сара карда буданд, яъне қисмеро боз ба ҳуҷраҳо, қисмеро ба мошини «зоғи сиёҳ» шинонда ба ҳабсхонаи умумӣ бурданд) маро ҳам ба ҳабсхонаи умумӣ бурданд. Ана дар ин ҷо ман беқадрии одамро дидам!
Ҳабсхонаи дохилии НКВД хеле тазъиқкунанда, фишороваранда, азобдиҳанда бошад ҳам, мураттаб буд, тартибу қоида дошт, муваккалҳои азоб дошт, озода буд. Агар аз ягон кас шабуш пайдо кунанд, дар ҳол табли хатар менавохтанд, ҳамаи либосҳоро буғ медоданд, ҳуҷраро дезинфексия мекарданд. Бинобар ин шабуш набуд, тахтакана набуд, ҳар даҳ рӯз як бор ҳаммом мекардем. Хӯрокҳо ҳарчанд ки «ҳабсхонагӣ» буданд, вале мураттаб дода мешуданд. Касе (аз ҳабсхона) ба касе таарруз карда наметавонист. Дуздӣ, зӯроварӣ набуд, ҷанҷолу ҳархаша набуд. Аммо аз тарафи ҷаллодон ҳамаи қиину азоб буд.
Дар ҳабсхонаи умумӣ даҳшат буд. Тақдири мо дар дасти дуздон ва одамкушон буд. Аз чандин касон (пуратар аз

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо