Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

адабиёти мо нағз ошно буд. Дар бораи Сайидои Насафӣ кори калоне навишта буд. Намедонам дар боло оид ба ин кори Бектош гуфтам ё не, ба ҳар ҳол боз такрор мекунам.

Пас аз озод шуданам ба ман гуфтанд, ки аз таҳхонаи НКВД даромада коғазҳо ва асарҳоямро ёфта гирам. Маро танҳо гузоштанд. Дар замини таҳхона хирвор-хирвор коғазҳо, дастнависҳо, папкаҳо ва портфелҳо мехобиданд. Он коғазҳоро такурӯ карда, баъзе асарҳои худамро ёфтаму чашмам ба ҳамон кори калони Бектош «Сайидои Насафӣ» афтод, ки қариб сад саҳифа дастнавис, бо хуруфи арабӣ мураттаб сӯзанбанд карда шуда меистод.

Хуллас ки пас аз бо Обид Исмагӣ дучор кардан, маро боз ба ҳуҷра бурданд. Дигар суроғ накарданд. Зимистон гузашту тобистон расид. Дар ҳавои гарм, дар ҳуҷраи танг, ки дар он қариб бист нафар будем, ҳаво намерасид. Арақ мекардем, ҳалқак мезадем, ҷанг мекардем...

Дар ҳабсхона, дар ҳуҷраҳои ҷудогона, аз тамоми дунё канда шуда хоб карда бошем ҳам, одам ором намеистодааст. Мо ба ҳуҷраи ду тарафамон муносибат доштем ва ҳар хабари нав дар ҳол ба мо шоеъ мешуд. Ин муносибат ба воситаи «телеграфи» дастӣ буд. Ба коғаз ҷадвал кашида, аз як канори он рақамҳо: 1, 2, 3 ва ҳоказо, то даҳ навишта мешавад; аз болои ҷадвал ҳарфҳо: а, б, в ва ҳоказо. Аз рӯи ҳамин ҷадвал ҳарфи «а» як нуқта (ё ки як бор задан) буд; ҳарфи «б» ду нуқта ва ҳоказо... Ҳамин гуна ба девор тақ-тақ зада мақсадамонро мефаҳмондем ва аз тақ-тақ задани ҳамсояҳо гуфтаҳои онҳо мешунидем. Дуруст шунида нашувад, даҳони кружкаро ба девор часпонда, гӯшро ба зери он (ба куни кружка) мечаспондем. Дар ин ҳол тақ-тақи ҳамсоя хуб шунида мешуд. Бекор шудани Тарасюк (вазири Чека)-ро мо бо ҳамин восита шунидем. Дар кадом ҳуҷра

пешина
аз 339
навбатӣ