Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

гуфт, ки ту аъзо будани худро дар ташкилоти аксулинқилобии Бектош инкор мекунӣ, ана ҳозир мо туро бо вай чорбарӯ мекунем. Дар ҳақиқат, дар кушода шуду Бектош даромада омад. Дар дасташ як ҷомачаи сатини сиёҳ қат карда шудагӣ, дар танаш куртаи нимдошти чити кабуд; ҷомаро ба рӯи зонуяш гузошту нишаст. Гаритский аз ҳар дуи мо пурсид, ки ҳамдигарро мешиносем ё не. Мо тасдиқ кардем. Баъд аз Бектош пурсид, ки ба гуфтаҳои худаш собит аст ё не. Вай гуфт, ки ҳамаи нишондодҳояш ҳақиқат аст. Гаритский гуфт, ки такрор кун. Бектош шарм накарда гуфт, ки вай ташкилоти аксулинқилобӣ ва миллатчигӣ сохтааст ва ба он ташкилот маро (Ҷалол Икромиро) кашида аъзо кардааст. Ман тоқат карда натавонистам аз ҷо ҷаҳида хестам ва дурӯғ мегӯяд ин хоин! гӯён хостам, ки табуреткаро ба сараш занам. Лекин шогирди Гаритский, ки ба ман қариб буд, ҷаҳиду табуреткаро аз дастам гирифт ва Бектошро аз дар бароварда гусел кард...

Бори дигар маро бо Обид Исмагӣ чорбарӯ карданд. Бечора Обид Исмагӣ чашми Московкинро хато карда (вай аз ҷо хеста ба тиреза менигарист) ба ман имо кард, эй ҷӯраҷоне, гуфт оҳиста, дод аз дасти зулм! Вай ба тӯҳмат иқрор нашуд ва маро сиёҳ накард. Пас, Московкин маро гусел карду албатта пас аз рафтани ман он бечораи Обид Исматиро зада, азоб додагист.

Обид Исматиро куштанд. Вай ба тӯҳмату бӯҳтонҳои пурдаҳшати онҳо иқрор нашуда ҷон дод, қаҳрамонона ҷон дод. Шод бошад равони поки ӯ, ки имрӯз пас аз марг бошад ҳам сафед шуд ва номи некаш барқарор гардид. Бектош ҳам пас аз марг сафед шуд. Агар дуруст мулоҳиза карда бинем, вай яъне Бектош ҳам ҳеҷ гуноҳе надошт. Баръакс як олими пурдон ва барои Тоҷикистон одами даркорӣ буд. Таърих ва адабиётро медонист, бо классикони

пешина
аз 339
навбатӣ