Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
— Акнун, пас аз чанд рӯз ё тирборон мекунанд, ё ба Сибир ҳай мекунанд! — мегуфт вай.
Дар ҳақиқат пас аз се-чаҳор рӯз ӯро чеғ зада бурданд ва дигар наомад.
Он даҳшат ва разолат, беинсофӣ ва зулмро дида ва шунида дарун-дарун месӯхтам, азоб мекашидам. Наход ки ба сари ман ҳам ҳамин фалокатҳо афтанд? Наход ки маро ҳам қайин кунанд, азоб диҳанд? Барои чӣ?! Ман чӣ кардам? Чӣ гуноҳ дорам? Ҳамдамов ва Майский ба ман ва ба дигарон тасалло медоданд, бо ҳар хел ҳикояҳо саргардон мекарданд. Боре, пас аз чандин моҳ, дар баҳорон Гаритский ба ман як буғчаи майда либосҳоямро, ки Саодат оварда дода будааст, расонд. Аз он либосҳо бӯйи хона, бӯйи аҳлибайтро шамида хуб гиристам, ба ҳоли худ ва ба ҳоли аҳли байти худ гиристам.
Маро боз ба истинтоқ чеғ заданд. Ин дафъа Гаритский маро ба шогирди худаш, ки номаш Московкин буд, — як ҷавони бебок, аблаҳ ва расво, супурда худаш рафт. Московкин аз ман мепурсид, ки ба адабиёт чӣ тавр дохил шудам. Ман гуфтам, ки бо ёрии устод Айнӣ нависанда шудам. Вай навиштааст, ки Айнӣ сардори ташкилоти аксулинқилобӣ буд ва маро ба ташкилот аъзо кард. Мо миллатчигӣ мекардем, мо душмани халқ будем ва ҳоказо... Ҷавони разил маро маҷбур кард, ки ба он протоколи сар то по дурӯғ даст монам. Ман нахостам. Бо ҷадвали ғафси чӯбин задан гирифт. Аз сару рӯям хун шорид. Тарсидам, ки мемирам ва маҷбур шудам, ба ҳамаи он сафсаттаҳо имзо мондам.
Боре маро бо Бектош чорбарӯ карданд. Рӯзона буд. Гаритский ва шогирдаш дар ҷойҳои худ, дар сари столи корӣ. Маро ба рӯи табуретка дар як тарафи дар шинонданд. Гаритский

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо