Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Гаритский маро дар таҳи дар шинонда, худаш ба сари столи корӣ нишаста гап пурсид:
— Гӯй ки бо Бектош чӣ корҳои аксулинқилобӣ мекардед? Бектош туро кай ба ташкилоти аксулинқилобӣ кашид? ва ғайра ва ҳоказо... Ман гуфтам, ки Борис, ту хуб медонӣ, ки ман бо Бектош чӣ хел муносибат доштам. Охир, ман дар бораи Бектош ба рӯзнома «Сухан ба ман» ном мақолаи калоне навишта, дар вақташ бо босмачиҳо ҳамроҳ будани ӯро фош карда будам. Боз чаро ман бо вай ҳамроҳ мешудаам?!
— Гӯй, ҳамон гапҳоро гӯй! — фармон дод Борис Гаритский. Дар ин вақт телефон занг заду вай трубқаро бардошта гӯш кард ва ҳозир меравам гуфта трубкаи телефонро ба ҷояш гузошт, баъд ба ман муроҷиат карда гуфт:
— Ҳозир ба ҳуҷра (камера) меравӣ, хуб фикр мекунӣ, агар аз ҷонат умед дошта бошӣ, ҳамаи гапҳои медонистагии худатро дар бораи Бектош ва алоқаи худат ва ғайра дигарбор, ки чеғ задам, гуфта медиҳӣ!
Ман боз ба ҳуҷра баргаштам. Ба ҳуҷраи мо як одами собиқ ҳарбиро оварда буданд, ки дар горнизони Душанбе Сардори дастаи мусиқинавозон будааст — немиси рус шуда рафтагӣ, ҳатто Германияро надидагӣ. Ӯро қариб ду моҳ пеш ҳабс карда буданд ва то ба ҳоло азоб дода, «иқрор» кардагӣ шудаанд. Чандин рӯзу шаб рост мондаанд, хоб кардан намонда, зада, абгор карда, ба бемористон фиристода, табобат карда, боз оварда задаанд ва рост мондаанд, қариб девона кардаанд. Ниҳоя вай маргро ба гардан гирифта, ба ҳар сафсаттае, ки онҳо навиштаанд (ман душмани халқ, ман ташкилоти зидди шӯроӣ сохтам, фалонӣ ва фалониҳоро аъзо кардам, плонамон ҳамин буд, ки бо ёрии фашистони немис ҳукумати шӯроиро торумор кунам ва ғайра ва ҳоказо...) имзо мондааст. Пас ӯро ба ҳуҷра фиристодаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо