Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ғайра... Вой ба ҷони он касоне, ки дар азобхонаҳо, дар картсерҳо мехобанд! Дар он нимаи ҳуҷраи собиқи мо азобхона сохтаанд. Онро ба се тақсим карда, як қисмашро даромад ва ду қисмашро азобхона сохтаанд. Мо чанд рӯз гиряю нолаи Хидировро (котиби горкоми Конибодомро) шунидем, ки менолиду гиря мекард. Бале, одам девона мешавад.
ПАС аз се моҳи беному нишон хобиданам, як шаб дар нимишабӣ маро бедор карданд. «Малоикаи азоб» (ҳабсибон) гуфт, ки либосамро пӯшида бароям. Маро якбора вараҷа гирифта, дарағ-дарағ меларзидам. Зуд либос пӯшида баромадам. Маро, ки ду дастам ба пуштам буд, ҳабсибон раҳнамун шуда, ба бинои калони НКВД бурда даровард ва аз зинаҳо боло бароварда, ба хонае даровард. Дар он ҷо як коркуни НКВД танҳо менишаст. Маро ба рӯбарӯи худаш шинонда, анкета пур кард. Номам, номи падар, синну сол, ҷойи кор, миқдори аҳли байт ва ғайра... Дигар гапе напурсид. Ман ҷуръат пайдо карда пурсидам, ки чаро маро ҳабс кардед? Гуноҳам чист? Гуфт ки дар қарибӣ мефаҳмам ва фармуд, ки маро ба ҳуҷра баранд. Боз ба ҳуҷра баргаштам.
Боз, пас аз даҳ-дувоздаҳ рӯз маро Гаритский, ки муфаттиши ман будааст, рӯзона чеғ зад. Ин Гаритский ҳамроҳи зани Улуғзода — Клавдия Благовещенская факултети шарқшиносии университети Тошкандро тамом карда омада буд. Аввал дар вазорати маориф ҳамроҳ кор мекардем, газетаи деворӣ мебаровардем ва улфат будем. Акнун вай лейтенанти калон, коркуни НКВД шудааст. Модараш дар китобхонаи Фирдавсӣ, ҳамроҳи Саодати ман кор мекард, дӯст буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо