Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

руст карданд. Дар вақти «сайру гашт», ки мебароварданд, Климчитский пои луч ба рӯи хоки тафсони ҳавлӣ хез карда - хез карда роҳ мегашт. Ҳамин тавр, дар се рӯз бӯйи пои вай нест шуд ва баъд туфлиашро доданд.

Рӯзи дигар ба ҳуҷраи мо - Амир Ниёзови помириро оварданд, ки пас аз ҳабс шудани дигарон, вазири маорифи ҷумҳурӣ шуда буд. Ҳоло ришу мӯйлаби дароз мондагӣ, дар тан курта-эзори суфи сафед, ҳайрону гаранг буд. Маълум шуд, ки ӯро даҳ-понздаҳ рӯз дар азобхона (карцер) дошта, хуб қиину қасос кардаанд ва ниҳоят вай ба ҳар чӣ айбе, ки ба гарданаш бор мекунанд, розӣ шуда, имзо карда аз азоб то як дараҷа халос мешаваду ба ҳуҷраи мо меояд.

Баъд Бобокалонови калонӣ (раиси колхоз, аз Ленинобод)-ро оварданд, ки як марди содда, деҳқон ва одами хубе буд. Ҳамеша додараш Бобокалонови хурдиро (Пӯлодро) ҳақорат медод, ки ба мансаб дода шуда, ба раиси иҷроияи марказӣ муовин шуду ба касофати вай ӯро гирифта ҳабс карданд. Бечора ҳар шаб Сталинро хоб дида бедор мешуд. Ҳамин тавр дар ҳуҷраи мо рӯз то рӯз одам зиёд мешуд ва рӯз то рӯз азоби мо меафзуд.

Касе ки ҳабсхона ва зиндонро фикр карда бароварда бошад, аҷаб одами доно ва одамшинос будааст. Зеро ки ҳабсхона, бе ҳеҷ қиину қасос худаш филро сархам ва ба муши мурда табдил медиҳад. Ҳар як одамҳои ман-ман мегуфтагӣ ба ҳуҷраи ҳабсхона меафтиданду пас аз даҳ-понздаҳ рӯз сархам, пажмурда ва мулоим шуда мемонданд. Ҳабсхона одамҳоро мефушурдааст, одамро оҳиста-оҳиста аз одамият бароварда, бекора мекардааст. Боз ҳайрият, ки мо бисёр будем. Одам заҳри одамро мебардорад мегӯянд, ки рост аст. Ба ҳар ҳол бо ҳамдигар дарди дил мекунем, сӯҳбат мекунем, ба дардамон даво меҷӯем ва

пешина
аз 339
навбатӣ