Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳаминро низ қайд кунам, ки вақтҳои охир аз берун ба сӯрохии ҳуҷраҳо тӯрбаи (намордники) тахтагӣ овехтанд, яъне пеши сӯрохиро бо тахта гирифтанд, ки акнун аз он сӯрохии майда фақат аз боло камтар ҳаво медаромаду бас.

Вақтҳои охир дар ҳуҷраи мо 18 нафар одам ҷамъ шуда буд. Бино барон дар таги девор – поёни сӯрохи панҷ кат (катҳои солдатии оҳанин), се кат қариб ҷафс, дар миён роҳгузари танге ва боз ду кати дигар буд. Дар миёни хона боз ба ҳамин тартиб катҳо ва дар охир дар як тарафи дар кати Майский, дар тарафи дигараш кати Ҳамдамов. Дар катҳои дигар аксари мардум дукаса мехобиданд. Дар паҳлӯи ман котиби райкоми Варзоб – яҳудии бисёр хуб ва раҳмдил, одами фарбеҳ ва бақувват мехобид. Оҳиста-оҳиста одам овардан гирифтанд, ки се-чаҳор нафар дар зери катҳо кӯрпа-болишт партофта мехобиданд. Ҳаво намерасид, бӯю тафи параш ба ҷон расонида буд.

Рӯзе ба хонаи мо Климчитский – олими забоншиносро, ки дар институти забон кор мекард ва забони тоҷикиро нағз медонист, оварданд. Вай ба Душанбе дар солҳои 1928-29 омада буд. Дар кӯчаи Аскарони Сурх, дар ҳавлии муаллим Сайидови эронӣ кулбае дошт, ки даруни онро бо тахта ва фанерқаҳо мисли купии вагони мулоим сохта буд. Аввалҳо муҷаррад буд, дар солҳои охир Болошова ном духтари русро, ки вай ҳам шарқшинос буд, ба занӣ гирифт. Климчитский рӯзи аввали ба ҳуҷраи мо омаданаш бо касе гап намезад. Ҳатто бо ман, ки гӯё шинос ва дӯст буд, дуруст муомила намекард. Ба гумон, ақида дошт, ки мо ҳама ҳақиқатан «душманиҳои халқ» ҳастем ва ӯро ноҳақ ба байни мо андохтаанд. Лекин пас аз чанд гоҳ фаҳмид, ки гап дар куҷост ва хеле улфат шуда рафт. Пояш бисёр бадбӯй буд. Тобистони гарм, худи ҳаво намерасид, ба болокорӣ бӯйи бади пойи вай! Бачаҳо туфлии ӯро дуздида

пешина
аз 339
навбатӣ