Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
— Ҳа, машмаша дар сари чист? — пурсид вай. — Ба ту пул лозим аст?
— Не, мо машмаша накардем, — гуфтам. — Пул лозим не!
— Не, ту пул надорӣ, ман шунидам, ман ҳозир!
Инро гуфту Лоҳутӣ аз кисабагал як банда пул — қоғазҳои панҷсӯмиро бароварда, чиҳил сӯм шумурда, ба рӯи стол партофт. Ман нею нестон кардан гирифтам, аммо Носиров чашми Лоҳутиро хато карда ба ман ишора мекард, ки пулро гирам. Пулро гирифтам ва гуфтам, албатта аз Душанбе ба Москва ба адреси устод қарзамро мефиристонам. Лоҳутӣ гуфт, ки лозим нест.
Пас аз ба Душанбе омадан ба назди Носиров даромада, адреси (нишони) Лоҳутиро пурсидам. Гуфтам, ки қарзро фиристодан лозим. Раҳматӣ Носиров гуфт:
— Э, шумо аҷаб содда будед, қарз чӣ?! Пулро хӯред! Гуноҳашро ман ба гардан мегирам! Лоҳутӣ 40 сӯмро писанд намекунад.
Бале, Лоҳутӣ ҳамин тавр сахӣ, дасткушод ва олиҳиммат буд!
Носиров ҳам, Бобоҷонов ҳам дигар нанамуданд, охирин дидори мо дар ҳамон рӯйи ҳавличаи ҳабсхонаи дарунии НКВД буд. Онҳоро, ки ҳеҷ гуноҳе надоштанд ва одамҳои хубу аъло буданд, ғуломони Сталини хунхор куштанд, ҷавонмарг карданд...
Чи тавре ки дар боло қайд кардам, моҳҳои аввал (сентябр, октябр) ҳуҷраи шашум кушод буд. Баъд, як рӯз ҳамаи моро ба ҳаммом кӯчонданд ва дар он ҷо қариб чор-панҷ рӯз доштанд, баъд боз ба ҳуҷраи худамон баргардониданд. Даромада бинем, ҳуҷраи моро ба ду тақсим кардаанд. Ба тарафи мо як сӯрохи ҳаво-равшанидаро мондаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо