Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Самарқанд баланд аст. Вақто ки поезд дар қатори якум меистад, ба рӯи зинаҳо, ки барои поён фуромадан сохта шудааст, тахтаи оҳанин мепартоянд. Лекин он шаб ба рӯи зинаи охирин тахтаи оҳанин набудааст. Ман, чашмам ба поезд, давида рафта ба ҳамон чуқурии зина афтодам. Одамҳое ки ин ҳолати маро диданд, гирев бардоштанд ва гумон карданд, ки ман ба зери чархи вагонҳо мондам. Дар ҳақиқат ҳам дар байни ману роҳи оҳан як ваҷаб ҷо монда буд. Умр боқӣ будааст, бо оринҷам такя карда, боз ба рӯи саҳни вокзал баромадам ва ба зинаи вагони чаҳорум худро гирифтам. Мардум ва коркунони роҳи оҳан маро бо ғамхорӣ пешвоз гирифтанд ва аз вагонҳо гузаронида, ба вагони ҳукуматӣ расониданд. Вақто ки дар равшании чароғи вагон нишастам, дидам ки оринҷҳоям ва тахтапуштам хуншор шудааст. Рафиқон куртаи маро кашида, ба захмҳоям дору (йод) молиданд ва либосҳои тоза пӯшонида, ба сари дастурхони шом нишонданд. Аввалин қадах ба саломатии ман буд.
Дар Тошканд, ки аз омадани мо бехабар будаанд, касе моро пешвоз нагирифт. Зиё Саиду Соттӣ Ҳусейн дар хиҷил шуда, худро ба ҳар сӯ мезаданд. Лоҳутӣ қаҳр кард. Мо ҳама ба трамвай нишаста ба дорулмуаллимини тоҷикон, ки дар маркази шаҳри нави Тошканд буд, рафтем ва дар он ҷо ҷогир шудем. Қисса мухтасар, ки ӯзбекҳо тайёр набудаанд. Пас аз маҷлису машварат қарор додаанд, ки пас аз як ҳафта-даҳ рӯз маҷлиси ботантанаро гузаронанд. Ман ки камбизоат будам, ба муддати дароз бо худ пул нагирифта будам. Пас аз чанд рӯз ба кабинети мудири дорулмуаллимин даромада ба Носиров, ки дар он ҷо буд, арз кардам, ки ба ман камтар пул ёфта диҳад. Носиров ҳанӯз ба ягон қарор наомада ва ман аз талаб хомӯш нашуда, аз дар Лоҳутӣ даромада омад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо