Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Лоҳутӣ бахшида шеър гуфта буданд, дар роҳ ба ман нависонданд ва аз бар кунонда фармуданд, ки дар Тошканд, дар маҷлиси тантанавӣ хонда диҳам. Ман розӣ шудам. Устод бо ман ду-се соат машғул шуда, машқ кунонданд. Чӣ тавр бояд шеърро хонам, бо даст чӣ ҳаракатҳо кунам. Масалан, вақто ки мисраи: Лоҳутӣ ба чор сӯи ҷаҳон, карнаи инқилоб ғуррон кард,-ро мехонам, бояд чаҳор ангушти панҷаамро бардошта, чаҳор тарафаро нишон диҳам... Ба ин вазну қофия Лоҳутӣ шеъре навишт, ки як мисраи он ин буд: Икромӣ аз ҷамадони устод, конякҳоро бурун чу дуздон кард!

Чунки дар байни рафиқон овоза шуд, ки устод Айний чандин шиша коняки хубу аъло бурда истодааст. Баъди шунидани шеъри Лоҳутӣ, устод Айний ду-се шишаи май-даи конякро оварда гуфтанд, ки «ин заҳри чашм!»

Деҳотӣ ва устод Айний ба Самарқанд фуромаданӣ шуданд. Поезд ба Самарқанд шабона, тақрибан дар соати дахуним-ёздаҳи шаб расид. Ману Ғанӣ ба фуровардани чизу чораҳои устод (хеле зиёд буд) ёрӣ додем ва ба паси вокзал бароварда, ба фойтун бор кардем. Пас, дар он ҷо дидем, ки пивои хуби Самарқандро мефурӯшанд. Мо ҳар ду як ҷомӣ (кружкагӣ) нӯшидем. Ба назди вагонамон омадем, ки Лоҳутӣ истодааст. Аз мо пурсид, ки дар куҷо будем. Мо гуфтем, ки борҳои устодро бароварда, ба фойтун гузоштем, пас як ҷомӣ аз пивои хунук ва гуворои Самарқанд нӯшидем. Лоҳутӣ, ки май (арақ, вино ва коняк) наменӯшид, гуфт ки ба вай чаро наовардем! Мо ҳарду боз тохтем, ки ба устод пиво биёрем, лекин ҳанӯз аз вокзал набаромада дидем, ки поезд ҳаракат кард ва рафтан гирифт. Ғанӣ давида ба вагони ростомадагӣ баромад, аммо мани нодон беихтиёр давида хостам, ки ба вагони ҳукуматӣ, ки дар сари қатор буд, рафта бароям. Саҳни вокзали

пешина
аз 339
навбатӣ