Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
мо фиристоданд.
«Конференсияи августӣ» чунин маъно дорад: дар моҳи августи соли 1938, як рӯз чанд ин ҳуҷраҳоро холӣ карда, ба рӯи ҳавлӣ бароварданд ва пас одамҳоро «сара» карда (ҷудо карда) баъзеро боз ба ҳуҷра, баъзеро ба автомобили «зоғи сиёҳ» (черный ворон) бор карда, ба ҳабсхонаи умумӣ бурданд. Дар ин рӯз ман Бобоҷонов (ки вақтҳои охир директори театри Лоҳутӣ буд), Носиров Саид (ки вазири маориф буд)-ро аз дур дидам. Онҳо ҳам маро диданд. Баъд фаҳмидам, ки Носиров ба Бобоҷонов дар бораи ман гап зада, хеле афсӯс хӯрдааст, ки ин ҷавони болаёқат илоҳӣ намурад, вай бемор аст, ба касалии сил гирифтор аст.
Носиров чанд ин сол вазири маориф буд. Ба гумонам, пас аз Носир Муҳаммедов (аз соли 1932) ҳамин Носиров вазири маориф буд. Ҳам вазир, ҳам раиси нависандагон шуд. Марди вазнин, бамаънӣ, меҳрубон буд. Худаш аз Хуҷанд бошад ҳам қатрае шаҳрчигӣ ва маҳалчигӣ надошт. Бо ҳама баробар ва андак шӯх ҳам буд. Вақто ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ташкил ёфт (ё ки дар вақти комитети ташкилии он) вай ба мо, нависандагони Тоҷикистон сарварӣ мекард. Дар бораи Носиров ҳамин воқеа дар хотирам мондааст: соли 1932-33 юбилеи панҷоҳсолагии Лоҳутиро тӯй кардем. Ба ин тӯй аз Тошканд ду нависандаи машҳури ӯзбек – Зиё Саид ва Сотти Ҳусейн меҳмон шуда омада буданд. Онҳо Лоҳутиро хабар карда гуфтанд, ки дар Тошканд ҳам юбилейро ид мекунанд. Пас, мо бо сардории Лоҳутӣ ва Носиров – ман, Ғанӣ Абдулло, Деҳотӣ, устод Айнӣ, Имомов, боз як марди озарбойҷонӣ (номашро фаромӯш кардам), ки дар СеКа кор мекард, меҳмонони ӯзбек ба вагони ҳукуматӣ нишаста озими Тошканд шудем. Сафари бисёр аҷоиб ва фаромӯшнашуданӣ буд, он сафари мо! Устод Айнӣ, ки ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо