Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

шаҳри Макка омада-омада қурбони соли 1937 шуд!

Хӯш, сухан дар бораи ҳуҷраи шашум мерафт. Дар ин ҳуҷра аввалҳо (октябр) нисбатан озодтар буд. Нусур ҳар рӯз ба сӯрохӣ хез зада одамони аз дигар ҳуҷраҳо барои «сайру гашт» бароварда шудагонро медид ва ба мо хабар медод, ки киҳоро овардаанд. Дар рӯбарӯи ҳуҷраи мо, дар он сӯи роҳрав ҳуҷраи сеюм буд, ки дар он ҷо Мавлонбеков, Раҳимбоев ва боз як котиби СеКа-ро (номашро фаромӯш кардаам) нигоҳ медоштанд. Дар вақти хӯрок додан, ки даричаи он ҳуҷраро мекушоданд ва сари ҳабсиҳои хӯрок мегирифтагиро мо аз сӯрохи даричаи худамон медидем, барало мушоҳида мекардем. Боре дидем, ки ҷоғи Раҳимбоев баста шуда буд. Маълум ки ӯро задаанд, шояд манаҳаш лат хӯрда бошад... Бечора Раҳимбоев, ки дар вақташ бо Ленин вохӯрда буд ва дар роҳи барқарор гардидани ҳокимияти шӯроӣ дар Осиёи Миёна хизматҳои шоёне кардааст, акнун кадом як ҳайвони НКВД ҷоғи ӯро зада мешиканад. Охир, Раҳимбоев ҳанӯз аз солҳои 1934 дар Тоҷикистон раиси шӯрои вазирон шуда омада буд. Вай дар якумин анҷумани нависандагони Тоҷикистон нутқ эрод карда буд. Пас аз гирифтани Раҳимбоев, боз як-ду нафар раисони шӯрои вазирон ва се нафар котиби комитети марказии партияи коммунистии Тоҷикистонро ҳабс карданд. Он вақтҳо дар Тоҷикистон сию ду ноҳия (район) буд, ки ҳамаи котибони райкомҳо, ҳамаи раисони иҷроияҳо ва мудирони шӯъбаҳои онҳоро ҳабс карда буданд. Баъдтар котиби райкоми Варзоб - як яҳудии пурзӯр ва одами хубро оварданд, ки яке аз охирин котибони райком будааст, ки ҳабс нашуда будааст ва боре бо раиси НКВД - Загувоздин (пас аз Тарашук) ба Варзоб рафта гуфтааст, ки мебояд ҳамаи котибони райкомҳоро ҳабс кунем!.. Инак, ӯро ҳам оварда, чанд гоҳ қийну азоб дода, ба ҳуҷраи

пешина
аз 339
навбатӣ