Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
диндор бошад ҳам, духонию тавбаю тазаррӯъ намекард. Ҳикоятшунави, чақ-чақро дӯст медошт. Ман ҳам бо вай сӯҳбат карда, оҳиста-оҳиста дониши арабии худро афзудан гирифтам. Кор ба ҷое расид, ки ман ба вай баъзе қиссаҳои «Чаҳор дарвеш»-ро ба забони арабӣ нақл мекардам ва аз изҳори ҳаяҷон ва фаҳмиши вай медонистам, ки гуфтаҳои ман ба вай таъсир мекунад ва забони маро мефаҳмад.
Салимро як-ду бор ба пурсупос бароварданд. Дафъаи сеюм маро бо ҳамроҳии ӯ ҷеғ заданд. Муфаттиши Салим — Халфин ном тотор будааст. Халфин гуфт, ки вай ҳам забони арабиро каму-беш мефаҳмад ва аз гуфтаҳои Салим протокул тартиб додааст. Аз Салим пурсидааст, ки дар ҳуҷра (камера) забони ӯро кӣ хубтар медонад. Салим маро ном бурдааст ва бинобар он барои тафтиш карда донистани навиштаҷоти худ, маро ҷеғ задааст. Мо бо Халфин ва Салим ҳамроҳ, навиштаҷоти ӯро аз назар гузаронидем, ҳама дуруст баромад. Маълум шуд, ки Халфин ба гуфтаҳои Салим бовар доштааст ва афсӯс мехӯрд, ки ӯро бедарак ҳабс карда овардаанд. Пурсидам, ки тақдири вай чӣ мешавад. Халфин гуфт, ки маслиҳат мекунад, агар Москва рухсат диҳад, Салимро аз сарҳад гузаронида мемонанд. Ман аз ин «ваъда» хурсанд шуда ба Салим тарҷума кардам, вай ҳам хурсанд шуд. Лекин Салими бечораро пас аз «конференсияи августӣ» (ин маъниро дар поёнтар шарҳ медиҳам) ҳамроҳи ман ба ҳабсхонаи умумӣ, ки дар яке аз ҳавлиҳои он, дар зери ду ҷодари калон нӯҳсад касӣ, ҳазору ҳаштсад касро нигоҳ медоштанд, бурданд. Дар он ҷо Салим ба бемории дизинтерия гирифтор шуда, ба бемористони ҳабсхона афтод. Пас аз чанд рӯз шунидем, ки Салим ҳам дар қатори садҳо беморон ҷон додааст ва шабона мурдаи ӯро бурда ба кадом чукурие партофтаанд...
Ин буд ҳикояти Салими араб, ки аз қабилаи Қурайши

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо