Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Қирғизро киро карда, мегӯяд ки ӯро ба Кошғар (ба мулки Бухор) барад. Қирғиз, ки дар ҳақиқат роҳбалади хуб буда-аст, мегӯяд, ки дар сарҳади Кошғар ва Ҳиндустон чӣ як моҷарое хеста, ҷанг шуда истодааст. Аз хоки Афғонистон (ба воситаи Забонаи Воҳон) ба Кошғар роҳ маҳдуд аст, ам-мо аз хоки Русия (яъне Помир) ба Кошғар гузаштан мум-кин аст, лекин русҳо иҷозат намедиҳанд. Салим мегӯяд, ки чаро иҷозат надиҳанд?! Охир, вай ба Карочӣ омад, рухсат доданд, ба Ҳиндустон омад, рухсат доданд, ба Афғонистон гузашт, рухсат доданд, пас чаро Русия рухсат надиҳад?! Рафтем, ман паспорт дорам. Қирғиз маҷбур мешавад, ки Салимро аз дарё гузаронида, ба назди сарҳадчиёни мо ба-рад. Дар комендатураи сарҳадӣ мебинанд, ки дар паспорти Салим навишта шудааст, ки «ба мулки Бухор меравад». Пас аз худаш мепурсанд. Худаш ҳам тасдиқ мекунад, ки ба мулки Бухор меравад, дар он ҷо додарзодаи худро ёфтан мехоҳад. Сарҳадчиён мегӯянд, ки мо туро худамон ба мул-ки Бухор мебарем! Ва Салимро ба шаҳрчаи Мурғоб бурда, ба дасти НКВД-чиён месупуранд. Онҳо ӯро бе пурсиш ва тафтиш ба ҳабс меандозанд. Моҳи октябр дар Мурғоб ҳаво хеле хунук мешавад. Салими бечора бо либосҳои тунук, аз хунукӣ меларзад. Хайрият ки қирғизҳои ҳабсии худотарс медоданд, ки Салим аз Макка омадааст, ба вай ҷомаи паҳ-танок ва телпаки пашмин медиҳанд. НКВД-чиён бошанд, ӯро луч карда, тамоми баданашро аз назар мегузаронанд ва тиллоҳояшро мегиранд. Салими бечора, ки намедонад, барои чӣ ӯро ҳабс кардаанд, понздаҳ-шонздаҳ рӯз дар азоб мегузаронад. Пас ӯро «этап» карда ба Душанбе меоранд ва ба ҳуҷраи мо меандозанд...

Салим бо ман ва бо Ҳамдамов хеле улфат шуда гирифт. Вай марди бегаше буд. Дурӯғ намегуфт, хушомад намезад, аз касе наметарсид, лекин чандон савод надошт. Марди

пешина
аз 339
навбатӣ