Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

буданд. Рӯзу моҳҳои аввал, гӯё чандон бад набуд.

Боре ба ҳуҷраи мо як марди хурдҷусса, қирғизбашараро, ки ҷомаи сатини сиёҳи қирғизӣ дар тан, як телпак дар сар дошт, оварданд. Мо аз вай ба забони туркӣ пурсидем, ки кист ва аз куҷост. Он мард ҷавоб надод, боз пурсидем, пас забон бароварда ло-ло гуфт. Аз лаҳҷа ва «ло» гуфтанаш фаҳмидем, ки араб аст. Пас, ману Майскию Ҳамдамов, ки каму беш забони арабиро медонистем, пурсида, ба зӯр фаҳмидем, ки номаш Салим будааст, аз Макка, аз қабилаи Қурайш ва ба ҳабс афтоданаш тамоман тасодуфӣ будааст. Баъдтар, ки мо бо Салим гап зада – гап зада дониши арабии худро хеле такмил додем, фаҳмидем, ки дар Макка дӯконе доштааст, савдогарӣ ва дӯкондорӣ мекардааст. Як додарзодааш чанд гоҳ ғоиб шуда рафта будааст, нохост аз як туҷҷор донистааст, ки додарзодааш дар Кошғар зиндагӣ дорад. Салими хомтамаъ ба нияти кофта ёфтани додарзода ва инчунин тиҷорат ба Кошғар рафтанӣ мешавад. Барои ин ба сафоратхонаи Англия рафта хоҳиш мекунад, ки ба вай паспорти хориҷӣ диҳанд. Онҳо мепурсанд, ки Салим ба куҷо рафтанӣ аст. Вай мегӯяд, ки ба «мулки Бухор» меравад. Маълум мешавад, ки дар Арабистон ҳамаи ин сарзаминҳоро – Кошғар, Туркистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро «мулки Бухор» меномидаанд. Англисҳо ки нодуруст будани ин ақида ва ин номро хуб медонанд, қасдан дурусташро (Кошғарро) нанавишта, ба паспорти Салим «ин кас ба мулки Бухор меравад» гуфта менависанд. Пас аз ин Салим бо худ даҳ-дувоздаҳ тиллои даҳсӯма, каме либос гирифта ба роҳ мебарояд. Тиллоҳоро ба халтачае андохта ба зери хояаш меовезад, ки дуздон нагиранд. Вай бо роҳи замин ва киштӣ аввал ба Карочӣ меравад, аз он ҷо ба Афғонистон мегузарад. Дар сарҳади СССР ва Кошғар ба худ як роҳбалади

пешина
аз 339
навбатӣ