Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

баландӣ бо милтиқи автомат дар даст нигарон меистод. Дар он тарафи ин девор ҳавлиҳои кормандони НКВД буд. Садои хандаю бозии кӯдакон, занон ба гӯш мерасид. Дар он тарафи ин девор ҳаёт ҷӯш мезад, мардум зиндагӣ мекарданд; зану шӯ мешуданд, мезойиданд; бачаҳо калон мешуданд, шӯхию бозӣ мекарданд... Аммо дар ин тарафи девор хонаи ғаму ғусса, хонаи азобу қийн, хонаи марг буд!

Ҳуҷраи шашум нисбатан фарохтар, дарозрӯятар буд. Одамон дар хона роҳ мегаштанд, саҳариҳо гимнастика мекарданд. Дар он қисми хона, ки аз чашми дидбонҳо паноҳ буд, се-чаҳор кас нишаста картабозӣ мекарданд. Картаро аз коғазҳои чой ва ғайра худашон сохта буданд. Дар ин ҳуҷра дар дасти одамҳо қалам ҳам буд, коғаз ҳам буд ва чандон пинҳон мекарданд, ки посбонҳо дар вақти кофтуков ёфта наметавонистанд.

Дар ин ҳуҷра Нусур Абдуллоев — коркуни комсомол, бачаи бисту панҷ — сӣ сола, серҳаракат ва серғайрат буд, ки ӯро сардори хона гузошта буданд. Вай ҳар ҳафта - даҳ рӯз ба магазин рафта, барои мо хӯрокӣ гирифта меовард. Як коргари матбаа, ки номаш чӣ — махсум буд, тошкандии ва одами босавод; як муаллими тотор аз Қӯрғонтеппа, як тотори дигар — коргари молия буд, Майский ном рафиқ котиби райкоми ноҳияи Исфара буд, олим, донишманд ва боақл, забони тоҷикиро медонист, одами хеле хуб ва олиҷаноб буд. Инчунин Ҳамдамов, ки шахси боҳурмат ва доно, шахси боақл, вазнин ва рӯздида буд, пештар раиси суди олӣ буда, дар соли 1933 ҳабс шуда, қариб як сол хобида, баъд озод гашта будааст. Вай бо вазнинию ботамкинии худ ба мо ибрат буд, ба ҳама насиҳат медод... Боз як солхӯрда русе буд, ки дар Госплан ва ё дар Шӯрои вазирон кор кардааст. Марди аҷоиб буд. Гоҳо худ ба худ сухан мекард ва кадом Юраро ҳақорат медод... Хуллас ки 12 нафар

пешина
аз 339
навбатӣ