Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
поҳояшонро месанҷиданд, даҳонашро калон кушода медиданд ва баъд либосҳояшро тафтиш карда медоданд, ки пӯшад. Дигар чизҳояшро аз назар гузаронида, чойнику пиёлаҳояшро ба як сӯ ғурронда мепартофтанд, фақат либосу палосро мегузоштанд. Пас аз ин он ҳамсиро ба сӯи дигар, ба зери назорати посбонҳо мегузарониданд. Дар ҳамин маҳшар ман Ализодаи эрониро, ки номаш ҳам Ғуломризо буд, дидам (аз даруни хона). Ӯро ном гирифта ҷеғ задам. Лаънатӣ ба ман илтифоте накард ва ба гапам ё аз тарс, ё аз кина ҷавоб надод. Ин Ализода дар идораи газета кор мекард. Бо ман сахт ошно ва ҷӯра шуда гирифта буд. Хонааш дар қарибии хонаи мо, дар шаҳрчаи стандартӣ буд. Ман бо вай боре ба «Хосто» ном истироҳатгоҳи назди Сочи рафта будам. Путевкаи он ҷоро ман барои ӯ таҳия карда будам. Ализода як зани тотор дошт, мо рафту омад доштем. Баъде ки маро ҳабс карданд, Саодати бекас ба хонаи ин муртад рафта ёрӣ ва маслиҳат пурсиданӣ шудааст. Ализода дар хона набудааст, занаш Саодатро қабул кардааст. Вақто ки вай меояд, Саодатро дар хонааш дида, якбора хушаш канда аст. «Омадани шуморо касе дид, ё не? Чаро омадед? Аз дасти ман чӣ кор меояд?!» гуфтааст ва фармон додааст, ки оҳиста худро ба касе нишон надода аз хонаи вай баромада равад. Ҳамин тавр буд замона, ҳамин тавр буданд одамҳо! Фарзандон аз падару модарашон мункир мешуданд, чӣ ҷойи он ки Ализода барин муртаду тарсу! Ман пас аз озод шуданам Саодатро таъна кардам, ки чаро ба хонаи Ализода рафтааст! Ализода мувофиқи кирдораш ҷазо дид, бадарға шуда дигар наомад.
Сентябри соли 1939 гузашту октябр расид. Овозаҳои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо