Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ман содда, ҷавони бетаҷриба ва нодон будам...

Мошини сабукрав аз дарвозаи калони оҳанин ба даруни ҳавлӣ даромад. Аз мошин пиёда шудам. Яке аз ду нафар, ки ба гирифтани ман омада буданд, ба даруни бинои НКВД рафт, дигараш маро посбонӣ карда истод. Пас аз даҳ-понздаҳ дақиқа он мард аз бино баромада омад, ки дар дасташ қоғазе буд. Шояд «путевка»-и ман ба ҳабсхона бошад. Рафтем ба ҳабсхона...

Ҳабсхонаи дохилии НКВД дар тарафи шарқии ҳавлӣ, иборат аз иморати якқабатии махсус ба ҳабсхона сохташуда буд, ки бо деворе аз гирдаш иҳота шуда буд. Он ду «малоиқаҳо»-и азоб маро ба роҳрави ҳабсхона бурда, ба дасти ҷаллодони он ҷо супурданду рафтанд. Аз паси онҳо дари оҳанин баста шуд. Яке аз он ҳабсибонҳо тоҷик, бухории худамон буд, ки ман мешинохтам. Марди ғалҷаи парзадарӯ ва дағал. Бо саломи ман алейк нагирифт. Бо шарики русаш чизучораҳои маро диданд, ҳамаи тугмаҳои либосҳои маро канданд, тасмаи шарворамро кашида гирифтанд ва ба муқобилияти ман бо ҳақорати қабеҳ ҷавоб доданд. Он разили бухороӣ бадтарини ҳабсибонон будааст ва дар вақти ҳабсиро муфаттиш чеғ зада истинтоқ кардан, агар задану қин кардан лозим бошад, ҳамин разилро чеғ зада мебурдаанд ва ӯ ҳабсии бечораро хуб мезадааст, лагаттӯб мекардааст ва бо азоб додани одам лаззате мебурдааст. Он саг пас аз ҳабс озод шудани ман дере напоид, мисли ҳайвони мурдор бо азобу уқубат ҷон дод.

Ҳабсибонҳо маро ба роҳрави дарози ҳабсхона дароварданд. Дарозии он тақрибан бисту панҷ-сӣ метр буд. Дар ду тарафи ин роҳрав дарҳои вазнин ва оҳанкӯби камераҳо – ҳуҷраҳои ҳабсхона ба назар менамуд. Дар назди дари даромад ба роҳрав, столик майда ва стул гузошта шуда буд,

пешина
аз 339
навбатӣ