Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ки дар он ҳабсибонҳо менишастанд ва дафтари ҳисоби ҳабсиҳо буд. Ҳар пагоҳ дар сари он стол духтури ҳабсхона омада менишаст ва касе, ки аз ҳабсиҳо бемор шуда бошад, муоина мекарду даво мехӯронд (даворо ба даст намедод).
Маро дар охири роҳрав ба ҳуҷраи (камера) ҳафтум бурда дароварданд, ки се кати симини зангзадагӣ гузошта шуда буд. Ду кат соҳиб дошт. Яке Ташрипов ва яке марди руси миёнсол буд, ки аз кормандони идораи НКВД будааст. Дар вақти ба ҳуҷра даровардан ба ман бистар (матрас), кампал ва як болишт доданд. Ман кати худамро дуруст кардам. Дар болои дар лампаи электрикии ҳамадам месӯхт. Дари ғафс аз миёнаҷояш даричае ҳам дошт, ки ҳар вақт ҳабсибонҳо онро кушода ба мо бонг мезаданд, ин ва ё он корро накунед, мегуфтанд ва хӯрокро ҳам аз он дарича медиданд, инчунин он дари ғафси бераҳми сӯрохии дидбонӣ ҳам дошт. Дар девор қоида ва қонуни ҳабсхона дар як саҳифаи чопӣ часпонида шуда буд, ки онро вазири аъзами НКВД – Ежов тасдиқ карда имзо монда буд. Пас аз партофтани ҷоғаҳ, ба мутолиаи он пардохтам. Ташрипов (яке аз коркунони масъули ҳамон вақт) аз ҷоғаҳ сар бардошта гуфт, ки хоб кунам, ба хондани он вақти бисёре дар пеш аст. Ман ба рӯйи кат нишастам. Ба хона диққат кардам. Хона ҳафт метр дарозӣ, чаҳор метр васеъ дошт. Дар рӯбарӯи дари даромад, дар қарибии сақф сӯрохие буд, ки аз берун бо панҷараи ғафси оҳанин мазбут гашта буд.
Қоидаи ҳабсхона ҳамин буд: рӯзона ба рӯйи кат дароз кашидан, хобидан манъ аст, то он ки шабона, дар вақти муайян сигнал нашавад. Дар соати ёздаҳи шаб чирчираки хобидан мешавад ва дар соати шаши пагоҳ чирчираки бархостан. Бо овози баланд сухан кардан манъ аст ва ҳоказо... Дар қарибии остонаи дар «параш» гузошта шуда буд: он иборат аз зарфи тунукагии калоне буд, ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо