Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
мошина ба тарафи дарвозаи ҳавлии мо гардад, гумон мекардам, ки барои бурдани ман омаданд. Ин эҳсос фақат дар ман не, балки ба тамоми мардуми шаҳр, ба тамоми мардуми мамлакат хос буд.
Он саҳар аз ҷо бархоста дарро кушодам. Ду нафар афсарони НКВД, мардакони рус, ҳамроҳи коменданти ҳавлӣ — Наҷмиддинов омада буданд. Ба хона даромада ба ман ордери ҳабс карда шуданамро нишон доданд ва ба кофтуков сар карданд. Пурсиданд, ки яроқ дорам, ё не. Баъд китобҳоро диданд. Китобҳои классикони тоҷик бисёр буд, ҳама бо ҳуруфоти арабӣ, омадагон хонда наметавонистанд, аз ман мепурсанд. Гуфтам Бедил шоири классикии тоҷик аст. Дар кабинети ман расми Айнӣ буд ва як расми ҷавонии худам дар чорчӯба буд. Ҳардуи онро гирифтанд. Дар хонае, ки аммапошшо бо Замира буданд, Қуръони кампирро гирифтанӣ шуданд. Лекин кампир ҷасурона муқобилият кард ва Қуръонро надод. Дигар чандон кофтуков накарданд. Ба ман гуфтанд, ки полту ва либосҳои гарм гирам. Ман нахостам, гуфтам ки ҳабс карда шудани ман кори хато ва саҳвест, ман бояд зуд ба хона баргардам. Омадагон ба ин гапи ман аҳамият надоданд. Вале Саодат маҷбур кард, як жемпир, костюм, полту ва телпак гирифтам. Бо зану бачаҳо хайрухуш карда, поён фаромадам. Дар дами дарвозаи ҳавлӣ автомобили сабукрав истода буд. Ба он бор шудем ва ба роҳ даромадем. Аҷобат дар ин ки ман ҳеҷ ваҳму ҳарос надоштам. Дар роҳ ба кӯчаю хонаҳо диққат мекардам. Фаррошҳои саҳарӣ кӯчаҳоро мерӯфтанд. Дар тарафи шарқ андаке сапеда дамида буд.
О, ягон кас нагуфт, ки эй мардаки содда, намедонӣ магар, ки ба зери чоҳ рафта истодай! Кӣ медонад баргашта меой, ё на! Боз ин кӯчаҳоро мабинӣ, ё на! Боз дидани субҳи босафо ва осмони соф ба ту муяссар мешавад, ё не! Бале,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо