Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
шаҳрӣ! Саодат мегӯяд, ки раиси шӯрои шаҳр ошнои худамон, шоир Шанбезода, наход ки дар ин кор ба ман ёрӣ надиҳад.
Пас, дукаса рафта, ҳавлиро мебинанд. Ба Саодат хеле маъқул мешавад. Зудан ба шӯрои шаҳр меравад, Шанбезода ӯро қабул мекунад. Саодат ба вай дарди дил карда, хона ёфтанашро мегӯяд. Шанбезода ваъда медиҳаду ҷои хона, адресро пурсида, навишта мегирад. Ба Саодат мегӯяд, ки шумо равед, ман худам бо ин кор машғул мешавам... Саодат пас аз ду рӯз рафта аз додари Бобоҷонов мепурсад, ки чӣ шуд, аз шӯрои шаҳр омаданд, рухсат доданд? Додари Бобоҷонов мегӯяд, ки шумо чӣ кор кардед. Корҳо расво шуд. Шанбезода омада хонаро дид ва онро (хонаро) ба як помирӣи худаш додааст.
Саодат гиря карда, маъюс шуда меравад... Ана ҳамин тавр, дар рӯзи дармондани оилаи ман Шанбезода «ёрӣ»
додааст.
Хайрият ки дар сари вақти онҳо аз Тошканд, курси муаллимиро тамом карда Сулаймонҷон Усмонов, ҷияни Саодат (писари хоҳараш) ба Душанбе меояд ва суроғу пай карда ба хонаи холаш мерасад. Мегӯяд ки гиря накунед, ғам нахуред, ман ҳастам, имрӯз не, пагоҳ он кас ҳам озод мешаванд. Ҳоло ман, ҳар чӣ ёрӣе, ки аз дастам ояд, аз шумо дареғ намедорам. Ними пули хонаро медиҳам, худи ҳамин рӯз сӣ кило биринҷу як халта орд меорам.
Бале, Сулаймонҷони мо одами аҷоиб, одами боҳиммат,
меҳрубон ва олиҷаноб буд. Падари Сулаймонҷон, писари
амаки мулло Бурҳониддини қозикалон — Усмонхон маҳсум
буд, ки ба хоҳари Саодат хонадор буд. Ӯро дар аввали
инқилоб бесуд ва бепурсиш, ба ҳукми трибунал парронда
буданд. Чаро ин тавр карданд ва ин корро кӣ кард, ҳанӯз
маълум нест. Аз Усмонхон як писару як духтар (Ризвонхон)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо