Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ва хонаю даҳлиз пурнам. Вале сандалӣ дорад, ҳамсояҳояш одамони бисёр нағз, мусалмонони Фарғона, инчунин як акамуллои бухороӣ, занашон «Пошшои Ҳарир» (хоҳари зани Раҳмон Ҳамидӣ) ҳастанд. Ин хона, хусусан ба аммаамон маъқул мешавад. Мегӯянд ки албатта он хонаро гирифтан лозим. Қарз мекунем, қавола мекунем, ба ҳар ҳол хонаи худамон мешавад ва аз ин ҳавлии номувофиқ мекӯчем.

Дар ин ҷо як чизро қайд карда гузаштан мехоҳам:
Ман дар бораи Ҷамшед Шанбезода нагуфтаам. Ин шахси помирӣ буда, шоир, марди хушзеҳн, хушҳофиза, (аз Қоонӣ сад, саду бист сатр достонҳоро аз ёд медонист) ва босалиқа буд. Аз Помир омаду бо мо – нависандагон улфат гирифт. Намедонам дар куҷоҳо кор карду ниҳоят дар соли 1937, пас аз он ки ҳамаро гирифта ҳабс карданд, ӯро, Шанбезодаро раиси шӯрои шаҳр таъйин намуданд.

Инак, Саодат дар рӯзҳои оворагии худ, дар рӯзҳои хона кофта гаштанаш, як рӯз дар кӯча додари Бобоҷонов (директори театри Лоҳутӣ)-ро мебинад. Вай дар бонки коммуналӣ кор мекард. Азбаски мо бо Бобоҷонов ва авлоди ӯ шинос будем, Саодатро дида аҳволпурсӣ мекунад. Саодат ҳам дарди дилашро мегӯяд, аз хона ҳай карданд, хонаи иҷора ёфта наметавонам, ҳайрону саргардон ҳастам, мегӯяд.

Ситамрасида ба ҳар кас дучор гардаду нолад – мегӯяд ҳазрати Бедил!

Сухани Саодатро шунида додари Бобоҷонов мегӯяд, ки бародарам дар ҳабс аст, акнун оилаи вай кӯчида ба Тошканд меравад. Ҳавлии онҳо якчанд хона дорад. Ман мехоҳам, ки ба он хона кӯчам. Ду хонаи он ҳавлӣ зиёдати. Биёед, ман ба шумо нишон диҳам, агар маъқул шавад, ба он ҷо омадан мумкин, фақат бо иҷозатномаи шӯрои

пешина
аз 339
навбатӣ