Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ки касе зи хешу зи бегона ғамгусор надорам, гуфтааст шоир. Дар ҳақиқат Саодати ман, оилаи ман он рӯзҳо ғамгусоре надоштаанд. Ба болокорӣ ӯро, Саодатро, ки дар китобхонаи ба номи Фирдавсӣ кор мекард ва як андак маош мегирифт, рӯзе директор ҷеғ зада мегӯяд, ки «Шумо аз кор ронда шудед, мо зани душмани халқро ба кор монда наметавонем. Аз пагоҳ ба кор наоед!» Саодат гирён-гирён ба хона бармегардад, ки модараш (амма-пошшо) ҳам гириста нишастаанд. Саодат сабаб мепурсад. Мегӯянд, ки ман дар рӯи ҳавлӣ як шолчаро партофта нишаста будам, ки се нафар зани нависандагон омадаанду пурсиданд, ки «ба ҳамин ҷо омадетон?» Ман гуфтам, ки «шумо ҳай кунетон ба куҷо равем?!» Баъд дар байни худ пичир-пичир карданду хандида, баромада рафтанд... Ба ҳамин рӯзи мо ҳам намемонанд. Илоҳо рӯзашон аз рӯзи мо ҳам бадтар шавад!»

Саодат ба модараш тасаллӣ медиҳад, майлаш, ман хонаи дигар кофта меёбам, аз ин бадкирдорҳо дуртар меравем, гуфтааст. Модараш аз кор холӣ карда шудани Саодатро фаҳмида, пурсидааст:
– Туро аз кор бароварда бошанд, мо бо чӣ зиндагӣ мекунем?

Саодат гуфтааст ки:
– Ҳамаи он чизҳоеро, ки фурӯхта, пул карда будем, ба ҳамин рӯзамон ба кор меояд. То тамом шудани он пулҳо, Худо подшоҳ!..

Як ҳамшаҳриамон, ки дар кассаи амонатӣ кор мекардааст, номаш Раҳматов будааст, ба Саодат як кулбаи бафурӯшмондашударо ёфта, хабар додааст. Он кулба, ки дар гузари «Интернатсионал», дар қафои стансияи ҳамонвақтаи апаратураи радио будааст, як хонача бо даҳлизаш ва айвон. Аз зери девори хона ҷӯи об мегузарад

пешина
аз 339
навбатӣ