Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

берун карда, ба кӯча партофтааст. Занам – Саодат ҳайрону гирён ба кӯчаҳо давида, як сарпаноҳе, як хонаи иҷора кофтааст. Вале ба ҳар даре, ки равад, мепурсидаанд, ки то ҳоло дар куҷо будед? Чаро он хонаро тарк кардед? Шавҳаратон дар куҷост? Ба вай чӣ карданд? Ҳарчанд Саодат бардурӯғ бошад ҳам, шавҳарам мурдагӣ гӯяд, бовар намекардаанд. «Мо ба зани душмани халқ хонаи худро намедиҳем» мегуфтаанд. Дар ҳақиқат ҳам мардум метарсиданд. Авлоди он касе ки ҳабс шуда, номи «душмани халқ»-ро гирифта бошад, чун муртад буд. Мардум аз салом додан ба ин тавр касон метарсиданд. Агар салом диҳанд, ба хонаашон роҳ диҳанд, мумкин буд, худи онҳо ба тӯҳмат гирифтор шаванд.

Саодат сарсон шуда, ниҳоят дар кӯчаи Ленин, дар паси дӯкон ва ошхонаҳое, ки дар он вақт буд (ҳоло ба ҷои онҳо иморати сеқабатаи калоне сохта шудааст, ки дар поёни он дӯконҳо, идораи акду никоҳ ва ғайра мавҷуд аст), ба ҳавлии Маҳмудовҳо (Муқаддас Маҳмудов — режиссёри Тоҷикфилм) меравад. Модари Муқаддас, ки зани бешавҳар буд (шавҳарашро дар соли 1933 ҳабс карда бу-данд) бо ду писараш дар ҳавличае истиқомат мекард. Дар он ҳавлӣ ба ғайр аз хонаи соҳиби он боз як хоначаи чизмонӣ будааст, ки модари Маҳмудов ба он Саодат ва фарзандони маро роҳ додааст. «Шавҳаратон ҳабс бошад ҳам, ман наметарсам, шавҳари худи ман ҳам ҳабс шудагӣ» гуфтааст. Саодат хурсанд шуда, зуд чизу-чораҳои андак боқӣ мондаи хонаро ба он ҳуҷра мекашонад ва аз як ғам халос мешавад...

Саодати ман он рӯзҳо ҳазор ғам доштааст: дарбадарӣ, рӯзгор, номи бади «зани душмани халқ», бепулӣ ва бебизоатӣ...

Ҳазор ғам ба дилам ҳаст, ин ғам аз ҳама бадтар,

пешина
аз 339
навбатӣ