Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Дар соли 1937, пас аз ба ҳабс гирифта шудани ман, Деҳотӣ ҳам мақолаи калоне навишта, гуфтааст, ки вай надониста бо душманони халқ ҳамхона ва ҳамтабақ шудааст. Икромӣ, ки писари қозӣ ва ҷияни қозикалони Бухорост, ҳеҷ гоҳ дӯсти ҳокимияти шӯро шуда наметавонист. Ман (Деҳотӣ) ҳаминро дидаю дониста, ӯро дӯст ва ҳамкори худ донистам... водарег! водарег!..
Дар квартираи мо як хонаро Деҳотӣ бо додараш – Абдушукур Пирмуҳаммадзода гирифта буд. Мо гӯё дӯст ва ҳамсояи мувофиқ будем. Хусусан Абдушукур ҷавони бамаънӣ, раҳмдил ва баинсоф буд. Мисли дигарон тарсу, бадгуҳар ва бадкина набуд. Деҳотӣ аз тарси ҷони худ мақола навишта, чандин рафиқони бегуноҳ ва софу беғаши худро муттаҳам кардааст. Ин буд таъсири замона, одамон аз ҷони худ метарсиданд.
Аҷобати кор дар ин ки Абдушукури бегуноҳ дар ҷанг ҳалок шуд. Тақдир хост, маззаи талхи ҷудоӣ аз ҷону ҷигарро ба Абдусалом чашонад! Баъд падари Деҳотӣ мурд; баъд худаш дар синни панҷоҳу яксолагӣ, дар айни камолоташ захира гардид. Модараш ва хоҳаронаш мурданд. Аз ин оилаи калон тақрибан як ва ё ду кас боқӣ монду халос! Дар ин ҷо чаро нагӯям:
Дидӣ ки хуни ноҳақи парвона шамъро,
Чандон амон надод, ки шабро саҳар кунад!
Бале, бисёрии онҳое ки дар ҳаққи ман ва бегуноҳони дигар хиёнат карданд, ҷазояшонро диданд.
Мирсаид Миршакар, ки ман барои нашъунамои эҷодии вай ёрӣ аз дастам меомадагиро дода будам, ба гумон дар ҳаққи ман хиёнати сахте накардааст. Вале, вақте ки ман дар ҳабс будам, вай котиби Иттифоқи нависандагон буд, зану бачаҳои маро аз бинои истиқоматии Иттифоқ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо