Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

бандондед, кори хуб накардед! Ман гуфтам ки на танҳо, балки ҳама мардуми қишлоқи Шараф ва комиссияи ҳукуматӣ ин корро карданд. Аммо Улуғзода бо дӯғу ғазаба маро таъна кардан гирифт. Ман ҳам оташин шудам ва ба якдигар гапҳои сахт гуфтем.

Боз, вақто ки ман (дар с.1989) барои мошинаталабӣ ҳамроҳи раиси кумитаи маҳаллӣ - Убайд Раҷаб ба назди М.Икромов - раиси шӯрои шаҳр рафтам, вай гила карда гуфт, ки Улуғзода ба назди президент Қ.Маҳкамов рафта, шикоят карда гуфтаанд, ки М.Икромов ба хеши худаш (!) Ҷалол Икромӣ мошинаи «Волга» медиҳаду ба ман намедиҳад. Ман ин суханро шунида аз Улуғзода хеле хафа шудам.

Гап дар бораи маҷлиси ташкилоти партиявии Иттифоқи нависандагон мерафт. Бале, қарори мо дар бораи аз партия хат назадани Улуғзода, ба ӯ рӯҳ бахшид ва гӯё вай донист, ки кӣ одам асту кӣ ноодам. Аммо комитети ноҳиявии партия қарори маҷлиси моро фасҳ карда, Улуғзодаро аз партия хориҷ кард. Ин қарорро дар бюрои Комитети марказӣ ҳам тасдиқ карда, аз Улуғзода дафтарчаи аъзогии партияро боз гирифтанду ӯ зиёда аз ҳаждаҳ сол бепартия буд. Ниҳоят бо ташаббуси нависандагони машҳур Расул Ғамзат, Марков ва дигарон Улуғзодаро боз гашта ба сафи партия (дар соли 1988) барқарор карданд.

Дар ҳамин қарибӣ (дар аввали феврали соли 1989), вақто ки пас аз солҳои бисёре аввалин бор дар маҷлиси партиявии мо Улуғзода иштирок кард, ман дар нутқи худ пеш аз ҳама ин ҳодисаро табрик кардам ва ба дӯстам Сотимхон хайрият ва муваффақияти эҷодӣ хостам.

Ҳеҷ кас монанди сӯзан дар ҷаҳон ҳиммат надошт, Бо вуҷуди тангчашмӣ пардапӯши олам аст.

пешина
аз 339
навбатӣ