Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
аз болои Сотим Улуғзода кор кушода, масъалаи «ба партия мондан» ё намондани ӯро муҳокима карданд. Дар бюрои ташкилоти партияи Иттифоқи нависандагон ҳама бо як овоз «Улуғзода аз партия хориҷ карда шавад» гуфта қарор бароварданд. Аз М.Турсунзода сард карда, Миршакар, Левин ва дигарон ба ин қарор даст монданд.
Ҳамон рӯз Левин (котиби ташкилоти партия) маро ба наздаш чеғ зада гуфт, ки мо дар бюро қарор додем, ки Улуғзода аз партия хориҷ карда шавад, ту ҳам дар маҷлиси умумӣ қарори моро дастгирӣ кун! Ман гуфтам, ки ин чӣ сухан аст! Ту ба ман фармон медиҳӣ, ё маслиҳат? Ман худам медонам, ки чӣ гӯям.
Дар маҷлис Турсунзода, Миршакар, Юсуф Акобир, Левин ва дигарон бар зидди Сотим Улуғзода суханҳои сахт гуфта, ӯро муттаҳам карданд. Навбат ба ман расид. Ман гуфтам, ки ҳеҷ гоҳ барои падар писарро ва барои писар падарро намекушанд. Аз партия хориҷ кардан – ин куштани одам аст. Дар ҳақиқат ба тарбияи бади писараш Улуғзода айбдор аст, вале бо ин гуноҳ мо ӯро набояд чунин ҷазои сахт диҳем. Таклиф мекунам, ки виговори сахт дода, ба дафтари қайдаш нависанд!
Ин таклифро шодравон Сирус, Одинаев ва боз намедонам киҳо тарафдорӣ карда, сухан гуфтанд.
Вақти ки ба овоз монданд ба таклифи ман 12 кас ва ба таклифи Бюро 11 кас овоз дод. Бо ҳамин таклифи мо гузашт. Пас аз ҳамин Улуғзода гӯё гуфта бошад, ки дигар агар сад кас омада аз Икромӣ ғайбат кунанд, ман бовар намекунам ва дӯстии худро намеканам. Бале, медонам ки ин суханҳо дар вақти тангӣ ва рӯзи сахт гуфта шудааст. Аммо инро бубинед, ки дар яке аз рӯзҳои моҳи октябри соли 1989, бегоҳӣ Улуғзода ба хонаи мо омада, на салом, на аҳволпурсӣ, гуфт ки ин роҳи навро шумо ҳаракат карда

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо