Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Ин мақоларо ман пас аз ҳабс баромаданам хондам. Дар ин мақола дар қатори дигарон маро ҳам «душмани халқ» эълон карда, туҳмату бӯҳтон задаанд. Мақолаи Улуғзода аз дигар мақолаҳо бо ин фарқ мекард, ки ин кас, гӯё бо «тадқиқи адабӣ» ва бо «факт», «олимона» навиштаанд. Асарҳои маро «тадқиқ» карда, рӯйрост бӯҳтон задаанд. Улуғзода дар мақолааш повести «Тирмор»-и маро мисол меорад ва мегӯяд, ки гӯё ман қасдан образҳои манфиро пурзӯр ва боқувват нишон дода, образҳои мусбатро суст ва нофаъол нишон дода бошам. Гӯё ман қасдан ба духтари худам номи Замираро, номи яке аз қаҳрамонони манфии повести «Тирмор»-ро монда, орзу мекарда бошам, ки духтарам ҳам мисли ҳамон Замира шавад!? Ин сафсатаҳоро хонда, ба назди Улуғзода рафтам, гуфтам ки чаро ин тавр гуфтед? Чаро суханонеро навиштед, ки ҳеҷ ба ақл рост намеояд. Охир, кадом падар мехоҳад, ки фарзандаш образи манфиро ба худаш гирад?.. Ба ин эродҳои ман ҷавоб дод, ки агар ҳамин тавр нанависам, маро ҳам ҳабс мекарданд, шароит хеле танг ва нобоб буд... Ба ин ҷавоби вай гуфтам, ки наход барои ҳабс нашуданатон каси бегуноҳи дигарро ба чоҳи марг тела медиҳед?!
Албатта ба ин суханони ҳаққонӣ ҷавобе набуд ва чӣ ҳам гуфта метавонист?!
Солҳо гузашт. Ман чи тавре ки пеш аз ҳабс шуданам будам, ҳамон тавр мондам, муомилаи дӯстии худро накандам. Лекин тақдир ва ҳаёт кори худро кард. Зани Улуғзода — Клавдия, ки ҳамон солҳо баробари шавҳараш хабаркашӣ ва бадхоҳии мардумро мекард, ҳар рӯз ба НКВД рафта, бо Гаритский (муфаттиши корҳои мо) сӯҳбат мекард ва моро бад карда нишон медод, ҷавонмарг шуд, ба муродаш нарасида, бо дарди саратон аз дунё чашм пӯшид. Баъд писари вай — Азиз ба хориҷа, табааи Англия гашт. Дар натиҷа

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо