Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Азимҷон, писари Содиқ-бек Аминов хонадор шудааст.

Ман бо Бухоризода то дами вафоташон ошно ва салому алейк будам. Шахсан аз вай бадие надидаам. Вай дар солҳои охири ҳаёташ хонанишин буд. Вале пеш аз он дар университет дарс медод. Аслан худаш муаллими ҳисоб ва риёзӣет бошад ҳам, намедонам, баъд забондон ва муаллими забон шуда монд. Дар ин муддат, яъне баъд аз гузаштани солҳои сиёҳи зулми Сталин, Бухоризода хеле хомӯш ва номурод шуда монд. Бо одамҳо муомилаи хуб мекард ва гӯё, аз он кирдори бади худ тавба карда буд.

Боре ба ман телефон карда, аз эҷодиёти худ чизҳои аҷоибро гуфт. Азбаски вай риёзӣет ва ҳисобро медонист, аз илми раёзӣети қадим ҳам каме бохабар буд ва «Абҷад»-ро медонист, инак бо ҳамин ҳисоби абҷад чандин таърихҳоро гуфтааст:
Чашни шастсолагӣ дар абҷади ман «Духтари оташ»-и Ҷалол омад (1960)

Ҷалол Икроми меарзад ба қадру қимати Айний Ба миқдори Ҷалол андешу зам кун қимати «Шодӣ».

Бухоризода байти армуғони дӯстӣ бинвишт,
Муаммо нест ин таърихи базми ҳафтодаш.

ЧаҶолу Шодӣ ҳамраҳ бар,
(Ҳам раҳбар) ба базми ҷашни ҳафтодаш

Ту медонӣ чаро Айнии мо саркардаи илм аст, Чаро ин ки дар абҷад «илм»-у «Айнӣ» ҳамқатор омад.

Ҳамон соли 1937 Сотим Улуғзода ҳам ба газетаи «Тоҷикистони Сурх» як мақолаи калони пуровоза навиштаанд.

пешина
аз 339
навбатӣ