Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

фурӯш бардоштанд ва дар китобхонаҳо аз хондан маън карданд. Пиримқулов албатта, танҳо устод Айниро муттаҳам намекард; дар қатори устод Айнӣ бисёр касонро, аз ҷумла маро ҳам тӯҳматзада кард. Ин шахси лаин ва хоин, он нокас ва беҳаё то дами мурданаш дар идораи рӯзномаҳо кор кард ва одамҳо аз вай метарсиданд. Зани ҷавонаш мурд, писараш мурд, аммо вай парвое накард, боз зан гирифт. Хайрият ки аҷал ва марги боинсоф ин ҳайвони хунхӯрро аз ҳаёт ва нобакорӣ маҳрум гардонид.

Шахсони дигаре буданд, ки аз байни «зиёиён» дасту остин барзада, ба тӯҳмату иғво сар карда, бисёр равшанфикрон ва олимонро нест карданд. Ман ҳамон вақтҳо бо Абдураҳмон Бухоризода шинос шудам. Ин мардаки самарқандӣ қариб дар як вақт бо мо ба Душанбе омада буд ва дар вазорати маориф кор мекард, муаллимӣ мекард. Дар хонаи стандартӣ, ки барои мо вазорати маориф сохта буд, Бухоризода ҳам хона гирифт ва бо зани зебо ва паричеҳраи худ истиқомат мекард ва ҳамсояи бад набуд; шӯх, овозбаланд ва каме дағалу бебок буд, вале ба мо ҳеҷ зарару зиёне намерасонид. Баракс, ба давраҳоямон иштирок мекард, моро ба хонаи худ хабар мекард ва ҳоказо.

Дар соли 1931 буд, магар ки зани зебои вай дар вақти таваллуд аз ҷаҳон чашм пӯшид. Ин фоҷиа ҳамаи моро малӯл ва ғамгин кард. Лекин одамон мегуфтанд, ки Бухоризода бо занаш муомилаи бад мекард, ҳатто мезад, азоб медод. Келинчаи паричеҳра мурду халос шуд, мегуфтанд; аммо инро мо дуруст намедонистем. Пас, Бухоризода зани дигар гирифт, аз ин занаш гӯё, фарзанд дид. Лекин боре ба Ленинград (гӯё вай дар он ҷо мехонд) занашро бурда, чанд гоҳ нигоҳ медорад, пас ба Душанбе узот мекунад. Занаш дар роҳ нохост бемор шуда мемирад. Бухоризода ин дафъа зани рус мегирад, аз вай як духтар шуд, ки ҳоло ба ӯ

пешина
аз 339
навбатӣ