Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
аз дасти ин «нависанда»-гони маргу аҷал, аз дасти ин душмани ҳақиқии халқ ба ҷон расида буданд.
НКВД-будагон — ин ҷаллодони хунхӯр ва полисони Сталин аз ин хабаркашон, аз ин бӯҳтончиён, аз ин некасон хуб истифода мебурданд. Ин разилон ҳам ба рӯзномаҳо менавиштанд, ҳам саҳифаҳоро сиёҳ карда, бурда ба дасти ҷаллодони НКВД месупурданд. Ҳар шаб менавиштанд, ба дӯстон, ба ҳамнишинон, ҳамкорон ва ҳатто ба хешу таборони худ бӯҳтон мекарданд ва рӯз, ки шуд, ё ба рӯзнома, ё ба сӯи бинои тирафоми НКВД медавиданд.
Ман дар ин дафтари хотираи худам бе ҳеҷ рӯю хотир, бе ҳеҷ тарсу бим, бе ҳеҷ рӯпӯшӣ — рӯйрост менависам. Бигузор авлоди ман, авлоди оянда аз бадкирдории ҳамзамонони ман бохабар шаванд ва саргузашти маро фаҳмида, аз худашон хушёр бошанд, ба ҳама ва ба ҳар кас бовар накунанд.
Дар ҳамон солҳои 1937-1938 А. Пиримқулов ном касе, ки аз Ургут буд, дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» кор мекард, дасту остин барзада, ба хабаркашӣ, ба иғвою бӯҳтон ва разолат сар карда буд. Аз кирдори худ ҳамаро тарсонда, дар ҷои кораш «обрӯю эътибор» пайдо кард; пул, гонорарҳои калон ва мансабу манзалат ба даст овард. Ҳар рӯз саҳифа-саҳифа мақолаҳо навишта ба рӯзнома чоп мекард; одамони бисёреро, одамони бегуноҳ, одамони садоқатманд, одамони ҷонфидои ҳукумат ва халқро тӯҳмат мезад, сиёҳ мекард ва бо неши қалами заҳрбораш ба сӯи ҳабсу табъид, ба сӯи аҷал тела медод.
Ҳамин Пиримқулов қариб ду саҳифаи «Тоҷикистони Сурх»-ро пур карда, бар зидди устод Айнӣ мақола навишта буд. Айниро душмани халқ, ҷадид, аксулинқилобчӣ, миллатчӣ ва боз намедонам чиҳо номид. Дар натиҷа асарҳои устод Айниро дар майдонҳо тӯб карда сӯхтанд, аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ