Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Рашид Абдуллоҳо, падари онҳо — Абдуллоҷон-ака, Али-хуш, Обид Исмагӣ, Азизӣ, Мирзозода, Расулӣ, Бектош, Ҳаким Қосимов ва Ҷалол Икромӣ буданд. Ин номбаршудагон гӯё душмани ашадии халқ буда, ба рӯяшон ниқоб кашида, ҳамеша бар зидди партия ва ҳукумати Шӯроӣ кор мебурдаанд, миллатчӣ ва хоин будаанд... Ҳоло дуруст дар хотирам намондааст, ки дар он мақола боз чӣ тӯҳмат ва бӯҳтонҳо қатор шуда буд. Мирзо Турсунзода ва Раҳим Ҷалил, ки дӯсти қарин, ҳамсӯҳбат, ҳамқалам ва бо ман мисли бародар ва хешу табор буданд; ҳамроҳ дар як бино истиқомат доштем, ҳамроҳ кор мекардем, ҳамроҳ мегаш- тем ва ман онҳоро аз ҷон беҳтар медонистам ва аз онҳо дар дилам асрори пӯшидае набуд, моро тарафдорӣ накар- данд? Чаро беҳтарин рафиқони дилсӯз ва содиқи худро ҳимоя накарданд? Тӯҳматзада карданд? Намедонам! Мум- кин аз тарси ҷони худашон. Худро софу беғаш нишон додани шудаанд, замона ҳаминтавр буд.

Он вақтҳо одат ва қонун шуда буд, ки пас аз ба газета номбар шудан, душмани халқ эълон шудан, ҳамон шаб, ё шаби дигар дар автомобил сиёҳпӯшон меомаданду бечо- раи бегуноҳро дошта гирифта мебурданд ва аз ҳамаи сао- дати дунё, аз зану фарзанд, аз хешу табор, аз озодӣ маҳрум мекарданд.

Лаънат ба он душманони ҳақиқии мардум! Лаънат ба он рӯзи сиёҳ, ки ба девҳо, ба албастиҳо ва одамхӯрон им- коният дода буд! Лаънат ба он касон, ки ба девони одамхӯр ёрӣ медоданд, кафи пои хунолуди онҳоро лесида, дӯстони худ, ҳамнишинони худро ба доми аҷал тела медоданд.

Он рӯзҳо рӯзномаҳо барои мардум балои ҷон буданд. Ҳар рӯз дар баробари ба фурӯш баромадани рӯзномаҳо ва ба дасти обуначиён расидани онҳо, дар хонумонҳо нолаю фиғон баланд мешуд. Мардум аз дасти ин иғвогарони фалокатовар,

пешина
аз 339
навбатӣ