Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ҳам мегурехтаас? Ман ҳеҷ гуноҳе надорам, ки маро ҳабс кунанд.
— Замонахӯ ҳодис!
Бале, ҳодис будани замонаро одамони ботаҷриба ва калонсол, одамони пухта ва доно зуд фаҳмида гирифтанд. Масалан М.Раҳимӣ (ки зану фарзанд надоштанд), пули нақдашонро аз касса гирифта, дар як шаб ғайб заданд ва касе намедонист, ки ба куҷо рафтанд. Баъд маълум шуд, ки ба Ленинград, ба яке аз шаҳрчаҳои атрофи он рафта, ба хонаи як зани коргари бешавҳар истиқомат кардаанд. Пас аз он зан фарзанде ба вуҷуд омаду ҳоло дар қайди ҳаёт аст. Худашон пас аз гузаштани даҳшат ба Душанбе баргаштанд ва занашон ҳам аз қафояшон омад.
Боз мегӯянд, ки яҳудӣ мардаке, ки аз худаш хавф доштааст, дар як ҷомадон чизҳои заруриро баста, тайёр карда мондааст ва ба занаш таъйин кардааст, ки шабона ҳар касе, ки аз органҳо омада маро суроғ кунад, нестанд, ба командировка рафтагӣ гӯй. Шабе ки ба гирифтани ӯ меоянд, мардак ҷомадонро гирифта, аз дари поёни ҳавлӣ баромада рост ба вокзал меравад ва ба поезд савор шуда ба Самарқанд, ба назди хешони худ сафар мекунад ва аз даҳшат халос мешавад.
Агар ман ҳам ақл медоштам ва пул медоштам ва аз Тошканд ба Ғиждувон барин ҷо рафта меистодам, ҳеҷ боке набуд. Аммо ин нашуд.
— Ҳеҷ боке не, - гуфтам ба аҳлу аёлам ва осуда гаштан гирифтам.
Ду рӯз пас аз ба Душанбе ворид шудани ман (ин дар сентябри 1937 буд) дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» як мақолаи калоне чоп шуд, ки дар он як қатор нависанда ва зиёиёни онрӯзаро муттаҳам карда, душмани халқ эълон намуда буданд. Дар рӯйихати онҳо Ҳаким Карим, Ғанӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ