Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Инак, аз Шаҳристон омада ба хонаи Матлуба фуромадам. Дар ин ҷо гапҳое шунидам, ки мӯҳои баданам рост хестанд. Амакам — Аминҷонмахсумро ҳабс кардаанд; Аҳмадҷонмахсум (Ҳамдӣ)-ро ҳабс кардаанд, Акмал Икромов ва Файзулло Хоҷаевро бо элу авлодашон ҳабс кардаанд ва ғайра ва ҳоказо... Ака Шарифхон — амакбаччаи ман, ки яке аз беҳтарин авлоди мо буданд, дӯст ва ғамхори мо буданд, аз Бухоро саргурез гашта ба Тошканд омада буданд ва дар куҷое таҳсил мекарданд. Ман он касро ҷустуҷӯ карда ёфтам ва дар кӯча, дар болои хараке нишаста сӯҳбат кардем. Фикри он кас хеле бадбинона буд. Дар мамлакат даҳшат ҳукмрон гашт, гуфтанд.
— Шумо ҳам, укаҷон, дар бораи худатон фикр кунед, то тавонед, ба ягон ҷои дур равед!
Аммо ҳамаи ин ҳодисаҳо, ҳамаи ин моҷароҳо, ҳамаи ин панду насиҳат ва маслиҳатҳо ба ман сахт таъсир намекарданд. Аввалаш ин ки ман аз худам дилпур будам; сониян ин ки ман камбизоат, зану фарзанду аҳли байтро монда ба куҷо ҳам мерафтам! Ҷавони камтаҷриба ва соддаи маҳз будам. Бинобар он пас аз ду-се рӯз аз Тошканд ба Душанбе раҳсупор гаштам. Дар Душанбе аҳли байти худро сиҳат, саломат ёфтам. Замира — духтари калони 4-5 сола шуда буд; Ҷонон — писарам як сола буд. Аммапошшо (модарарӯс) ва Саодат (занам) сиҳат ва саломат буданд, вале дар ҳаяҷон ва хавфу ҳарос буданд, аз сари ман метарсиданд. Амма-пошшо мегуфтанд:
— Писарам, аз мо парвое накунед, аз худатон бохабар бошед! Ҳамаро гирифта, ҳабс карда истодаанд. Беҳтар ки саратонро гирифта, ба ягон ҷо равед, гурезед! Муҳаммадҷон Раҳимӣ гурехта рафтааст, ҷонашро халос кардааст.
— Ман ба куҷо мерафтам?! — ҷавоб медодам. — Барои чӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ