Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
кардани шахс чандин фурсат тадқиқ мебарад, материал ҷамъ мекунад ва пас аз он ки ҳеҷ шубҳае ба гунаҳгории кас намонд, баъд онро ба даст мегирад, Маро ин орган ягон бор ба зери шубҳа (гӯё) нагирифта буд, ягон бор чеғ назада буд, чизе напурсида буд. Пас маълум, ки ман гуноҳе, айбе надорам! (Аҷаб соддагӣ!)
Ин фикру андешаҳо маро ва дигаронро хеле бесаранҷом кард. Дар ҳақиқат дигар табобат ва қимизхӯрӣ фоида надошт. Шабнишиниҳо, сӯҳбатҳо тамом шуданд. Дар ҳамин ҷамъияти хурди мо аллакай мардум ҳарфикра ва ҳаргумона шуданд. Дар ин байн муддати табобати ман ба охир расид ва бору бунаҳоро баста ба роҳ баромадам. Рост ба Тошканд рафтам. Дар Тошканд хоҳарам Матлуба бо шавҳару фарзандонаш истиқомат мекард. Шавҳараш Мирзоого дар вазорати хоҷагии қишлоқ кор мекард ва котиби ташкилоти партиявии он ҷо буд. Мирзоого аслан озарбойҷонӣ буда, дар Бухоро калон шудагӣ ва дар Бухоро бо Матлуба шинос шуда, зану шавҳар шудагӣ. Одами бад набуд. Ҷиддӣ, камгап ва меҳрубон буд. Зану фарзандонашро дӯст медошт. Аз онҳо ҷаҳор духтар монд: Алмос, Фирӯза, Сӯлмас, Зумрад. Мирзоого дар аввали солҳои ҳафтод аз дунё чашм пӯшид.
Хоҳарам Матлуба аз модарандари калонӣ, ки мо он касро Ояи калонӣ мегуфтем ва дар боло дар ҳаққи он кас муфассал маълумот ҳаст, таваллуд шудагӣ. Ояи калонӣ ду духтар (хурдӣ – Вориса, ки пас аз вафоти падар ба дунё омада буд) ва як писар дошт. Писарашон – додарам Зайниддин ҷавони барное буд, боаклу зебову меҳрубон; дар айни навҷавониаш ба ҷанг рафта нобуд шуд. Матлуба – духтари бисёр боакл, меҳрубон ва хушмехр буд. Афсӯс, ки ба касалии сил гирифтор шуда, дар солҳои панҷоҳ аз дунё чашм пӯшид...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ