Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Шохтемуров, ки раиси Шӯрои Олӣ буд ва Чинор Имомов, ки котиби СеКа буд ва боз чандин касони дигар фош гаштаанд ва ҳар рӯз дар бораи онҳо радио ва рӯзномаҳо хабарҳои даҳшатовар мерасонданд.

«Беморон» ҳайрон буданд. Баъзе бовар мекарданд, ки ин хабарҳо рост аст ва дар ҳақиқат номбаршудагон душманони халқанд. Баъзе дигарҳо — аксарият — бовар намекарданд. Шохтемуров ва Чинор Имомов, ки роҳбарони ҷонсупори ҷумҳурият буданд, ба ин тавр ҳақорат ва носазо муносиб нестанд, мегуфтанд. Баъзеҳо ба тарсу ҳарос афтоданд, ҳатто баъзеҳо пеш аз муддат чизу чораҳоро ғундошта, баромада рафтанд. Ман хеле ғамгин шуда бошам ҳам натарсидам ва аз худ ҳеҷ гумоне надоштам, ки он бадбахтие, ки ба сари Шохтемуров ва дигарон омадааст, ба сари ман ҳам меояд. Дар ин ҷо як банд мухаммаси Хоқонӣ ба ёдам омад, ки аз номи иблис навишта буд: Иблис дар осмон муаллими малоиқаҳо будааст ва мегӯяд:
Будам бад-он таҷаммулу ҷоҳу ҳашам басе,
Рӯзе ба арш чашм фикандам ба боисе,
Дидам ба чашми сир, ки ба хатти муқаддасе,
Бар лавҳи зар навишта, ронда шавад касе,
Кардам гумон зи ҳар касу аз худ гумон набуд.

Ман Иблис набошам ҳам, муаллими малакут набошам ҳам, газетаҳоро хонда истода, хабарҳои радиоро шунида истода, ҳеҷ гумон намекардам, ки он бадбахтӣ ба сари ман ҳам меояд. Охир ман ҷавон будам, дар айни ҷӯшу хурӯши зиндагӣ, дар айни равнақи эҷодӣ будам. Дар кори худ, дар эҷодиётам ҳам ҳеҷ хатоге, ҳеҷ саҳве намедидам. Ин аз як тараф, аз тарафи дигар ман ба партия, ба ҳукумати «адолатпеша»-и Шӯравӣ, хусусан ба органҳои он НКВД боварии том доштам, ки ин орган ҳеҷ саҳву хатое ва беадолатие намекунад. Пеш аз ба ҳабс гирифтани касе, пеш аз айбдор

пешина
аз 339
навбатӣ