Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ҳофизаам хеле хуб кор мекард. «Чаҳор дарвеш»-ро аз ёд медонистам. Мардум аз ман хеле миннатдор буданд, ки як худам вазифаи кино ва театрро барои онҳо ба ҷо меовар- дам.
Рӯзе ҳамроҳи як муаллими ҷавон ба болои теппаи ба- ланде, барои тамошои ғоре, ки дар болотари теппа буд, мебаромадам. Нохост, аз поён муҳаррири газетаи Новома- ро ном гирифта чеғ зад ва гуфт, ки сабр кунам, вай ҳам бо мо ҳамроҳ меравад. Муаллими ҷавон ба ман бо диққат нигоҳ карда пурсид:
— Икромӣ мегӯянд, магар шумо Икромӣ ҳастед?
— Бале, ман Икромӣ ҳастам.
— Кадом Икромӣ? Наход ки Ҷалол Икромӣ бошед?
— Бале, Ҷалол Икромӣ ҳастам.
— Ҳамон нависанда?
— Ҳа, ҳамон нависанда!
— Э, шумо ҳам худамон барин будед-ку!
Муаллими ҷавон аз ҳайрат ва тааҷҷуб намедонист ки чӣ гӯяд.
— Ҳа, ман чӣ хел мешудам? Дев барин? Малоика барин?
— Не, ман Ҷалол Икромиро як одами калон, ришдор ва босавлат мепиндоштам...
Бале, ҳамаи мо нависандаи дӯстдори худро ҳамин тавр, як шахси фавқулодда, аз худамон зиёдтар, бузургтар ва тавонотар мепиндорем. Он вақт ман ҳанӯз асарҳои калони худро наофарида бошам ҳам, хонанда аллакай маро ши- нохта ва писандида будааст.
Ҳамин тавр, дар табобатгоҳи Қимиз, дар Шаҳристон хушу хурсанд гашта будам, ки ногоҳ дар газетаҳо ҳодиса, воқеаҳои хузнангез ва даҳшатОВАРРО хондам. Дар Душан- бе, гӯё органҳои НКВД ташкилотҳои зидди шӯравӣ ва душманони халқро ёфта бошанд. Ширинов ном раиси суди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ