Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ҷӯшида мебаромад. Ман аз он об дасту рӯ шуста роҳат кардаман дар сари дастурхони пурнозу неъмати Суҳайлӣ нишастам.
Дар ҳавлии Суҳайлӣ ду-се рӯз меҳмон будам. Як бегоҳӣ аз кино баргашта омада истода, дар роҳи калон автомобили боркашеро дидам, ки дар болои он якчанд нафар нишастаанд ва суханони онҳоро фаҳмидам, ки ба Шаҳристон мераванд. Пурсидам, ки ман ҳам ба онҳо шарик шавам, ба Шаҳристон, ба табобатхонаи қимиз мерасида бошам. Гуфтанд, ки марҳамат, мо ба ҳамон ҷо меравем. Пас аз ҳавлии Суҳайлӣ чамадончаи худро гирифтаю бо он кас (ҳарчанд ки ба истоданам тақозо мекарданд) хайру хуш карда, ба автомобили боркашӣ нишастам. Ҷавонҳое, ки ман ҳамроҳи онҳо будам, муаллимоне будаанд, ки аз Ленинобод меомадаанд. Ҳама ҷавонҳои хуб ва боодоб буданд. Бо онҳо сӯҳбаткунон дар соати дуи шаб ба Қимизхона расидем. Моро ба хонаҳои «сиёҳ»-и қазоқӣ ҷо доданд. Он вақт дар табобатгоҳ иморати истиқоматӣ набуд. Рӯзи дигар пас аз муойинаи духтур ба табобату истироҳат сар кардам...
Дар он табобатгоҳ хӯрокҳои бомаза ва равғанӣ, қимизи хуб ва аъло медоданд. Лекин на театру клуб буд, на кино буд. Фақат як радио буду дар ҳар ду-се рӯз газета меоварданд. Мо беморон пас аз хӯроки шом ба канори баландие, ки дар паси хонаҳои «сиёҳ» буд, мерафтем ва сӯҳбат карда менишастем. Дар поёни ин баландӣ дарёчае ҷорӣ буд ва дар он тарафи дарёча роҳи калони Душанбе-Ленинобод мегузашт. Ҳар мошинае, ки аз роҳ мегузашт диққати моро ҷалб мекард. Мо иштиёқманди дидани осори маданият будем. Пас аз як рӯз муҳаррири газетаи ноҳияи Нов омад, ки моро мешинохт. Дар ин ҷамъомадҳо аз ман илтимос кард, ки ҳикоя гӯям. Ман ҳам нею-нестон накарда ба гуфтани ҳикоя ва саргузаштҳои аҷоиб сар кардам. Он вақтҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё