Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
лекин ба муаллифи шарик намекунам. Ҳабиб доду фарёд кард, қавл додӣ, ба қавланд исто, гуфт. Ман оташин шуда гуфтам, ки ана ин 16 саҳифа коғазпораҳоятро гиру худат навис! Ман ин асарро чоп намекунам. Пас чизи тайёрро ба токҷа партофта мондам. Ду сол гузашт. Убайд Раҷаб, ки муҳаррири маҷаллаи «Шарқи Сурх» буд, аз ман илтимос кард, ки романро чоп кунам. Улуғзода ва Мирзо Турсунзода ба миён даромаданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳама услуби туро медонанд, майлаш чоп кун ва ҳафтод фоиз ҳаққи қаламро худат гир! Ҳабиб ба ин розӣ шуд. Роман ба маҷалла чоп шуд. Ҳабиб сӣ фоиз ҳаққи қаламро гирифта, қонеъ шуд. Аммо вақто ки китобро нашриёт чоп кард, давида рафта ними ҳаққи қаламро гирифт. Ман дигар гап назадам. Ба даст қалам гирифта қисми дуюми роман — «Сафармаҳсум дар Бухоро»-ро навиштам, то ки мардум донанд, ки роман аз нӯки қалами кӣ ба майдон омадааст.
Ман ин ҳамаро наменавиштам, лекин дар таърих ҳақиқат монад гуфтам!
Гап дар бораи Суҳайлӣ буд, қалам ба сӯи дигар рафта монд! Ҳуллас ки ман ба Суҳайлӣ ҳурмат ва эҳтиром доштам. Он кас ҳам маро дар қатори дигарон дӯст дошта меҳрубонӣ мекарданд. Суҳайлӣ дар синни 63-солагӣ (дар соли 1964) вафот карданд.
Бо Суҳайлӣ дар фойтун аз роҳи пурҷангу ғубор ва аз байни дашти бедиё ба сӯи Истаравшан мерафтем. Он вақтҳо ободонӣ фақат дар қарибиҳои Истаравшан сар мешуд. Ҳуллас ки дар ҳавои гарм, арақшорон, монда шуда ба Истаравшан, ба ҳавлии Суҳайлӣ расидем. Ҳамин дар хотирам ҳаст, ки Суҳайлӣ ба ман гуфтанд:
— Марҳамат карда, аз оби моҳӣ нагӯзидагӣ дасту рӯ шӯед!
Дар ҳавлии Суҳайлӣ як чашмаи оби шаффоф ва хунук

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё